Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳуснбонуро ақд карда ба шаҳзода таслим намуданд.

Шаҳзода баъд аз фароғи созу сӯҳбат қадам ба дари боргоҳи малика ниҳода, дохили ҳарами ӯ шуд. Дид, ки хонҳои мурассаъ ва бистарҳои ҷавоҳирдӯзӣ, ки инчунин фаршу каср дар ҳеҷ подшоҳе нахоҳад буд. Иштиёқи васл дар дили шаҳзода ҳосил шуда бар болои бистарҳои ҷавҳардӯзӣ баромада маликаро дар оғӯш кашид ва давлати васли ӯро дарёфт.

Алассабоҳ аз ҳарами малика баромада, ба хизмати шоҳон муроҷиат намуд. Ҳамаи шоҳон ба ҷониби шаҳзода нигоҳҳо карда муборакбод намуданд.

Шоҳзода таъзиму тавозӯи шоҳонро ба ҷо оварда, бар болои тахти заррин қарор гирифт. Ҳамаи шоҳон бо якдигар видоъ карда бо лашкари худ ба ҷониби мамлакати худҳо муроҷиат намуданд.

Баъд аз чанд рӯз Ҳотам низ ба ҷониби Яман ихтиёри рафтан намуд. Дарзамон малика ва шаҳзода чанде аз муқаррабони худро фармуданд, ки Ҳотамро ба иззати тамом бурда дар Яман гузоред.

Мулозимон гуфтанд:
— Фармонбардорем!

Алкисса, Ҳотам бо мулозимони малика аз Ҳусиобод баромада ба ҷониби Яман равона шуд. Манзилу мароҳил тай карда, баъд аз дере ба сарҳадди Яман расид ва чанде аз мулозимонро ба ҷониби падару модари худ фиристод.

Қосидон расида падару модари Ҳотамро мулозимат намуданд ва гуфтанд:
— Эй шоҳ, инак нури чашми шумо Ҳотам ба мулозимат омад.

Дарҳол чанд сар ҷавоҳир ва зари бисёр ба мухбирон дода, худи шоҳ бо аркони давлат савор шуд.

Баъд аз муддате расида Ҳотамро дар канори худ бигирифт. Чанд бӯса аз гули рухсораш карда мегуфт:
— Эй нури дидаи падар, то бевақт дар куҷо будед?

Ҳотам ҳамаи саргузашти худро дар назди падар якяк баён намуд.

Алкисса, Ҳотам бо падару акобирону аркони давлат дар шаҳр даромад ва ҳамаи фузалову фуқаро Ҳотамро мулозимат намуданд ва дар урдуи худ даромада бо модару завҷаи худ мулоқот карда, чандин рӯз барои шодмонӣ тӯи созу сӯҳбат карда, ҳамаи фузалову фуқароро таом ва хилъат доданд. Баъд аз чанд рӯз мулозимони

пешина
аз 269
навбатӣ