Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Дарҳол он духтарро ба замин ниҳод.
Дояи он духтар дар он мақом ҳозир буд.
Ӯ гуфт:
« — Эй бузург, раво надорем, ки кори беҷо аз ин духтар ба вуқӯъ ояд, боиси харобии мову шумо шавад, аммо ҳарфе дорем, мехоҳем, ки ба шумо арза намоем».
Падари духтар гуфт:
« — Бигӯ!»
Доя гуфт:
« — Филҳол маълум мешавад, ки ин духтар ба ҳадди булӯғ расида ва аз ҷабҳаи ин ҷавон осори бузургӣ зоҳир мешавад ва аз рӯи шарму ҳаё ҳанӯз сухан нагуфтааст ва соҳиби хилму тамкин будааст ва муносиби домод шудан дорад».
Дарҳол падари духтар гуфт:
« — Ба се шарт ин ҷавонро ба домодӣ қабул дорам».
Аркони давлати худро ҷамъ карда, се шарт дар миён андохт:
« — Яке аз он се ин, ки як ҷуфт ҷонвари парӣ ба ман биёрӣ; дуюм, мӯҳраи мори сурхро биёрӣ; сеюм, дар деги равғани ҷӯшон дарой».
Ман ҳамаи шартҳоро аз камоли рағбат ва муҳаббат қабул намудам ва аз барои ин ҳама матлаб дар ин ҷо ҳайрону саргардон нолаву зорӣ мекунам, ҳеҷ кас нест, ки ба доди ман бирасад ва мақсуди маро ҳосил созад. Ва новаки мижгони ӯ дар ҷигар халида, дар ин парраи биёбон ҳайронам.— Ҳама саргузашти худро як-як баён намуда ин байтро мехонд:
Ман худ нашудам ба даст бисмил,
Зад новаки ӯ ба паҳлуи дил.
Саргашта шудам дар ин биёбон
Аз ғамзаи ҷоду мебарад дил.
Алкисса, боз гуфт:
— Эй ҷавон, муддати ду сол аст, ки дар ин биёбон ба ин ғами бепоён гирифторам.
Ҳотам гуфт:
— Хотири худро ҷамъ дор, ҳама он шартҳоро ба ҷо оварда, туро ба он нозанин восил гардонам.
Дарҳол ба дили худ гуфт: «Ҷуфти ҷонвари парӣ дар дашти Мозандарон хоҳад буд на ба ҷои дигар».
Алкисса, бо он ҷавони нолону гирён видоъ карда, ба ҷониби Мозандарон роҳӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё