Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
он дуроҳа қарор гирифт. Посе аз шаб гузашта буд, ки аз як ҷониби биёбон овози гиряву нола меояд. Дар дил гуфт: «Эй Ҳотам, чун камари хизмат ба роҳи Худо бастаӣ, аз соҳиби ин овоз хабар бигир, шояд, ки кори он бечора аз дасти ту барояд».
Дарҳол аз ҷои худ бархоста, ба ҷониби ин овоз равона шуд. Шаби панҷум қариби саҳар буд, ки аз паи ин овоз ба сари манзиле расид. Дид, ки ҷавони соҳибҷамол сару по бараҳна зор-зор чун абри навбаҳор гиряву нола мекунад ва ҳар замон оҳи сард аз ҷигари пурдрд мекашад. Тараҳҳум бар ҳоли ӯ карда пурсид ки:
— Эй ҷавон, чаро ин ҳама нолаву зорӣ мекунӣ?
Он ҷавон ҳеҷ дам нозада ба гиряи худ машғул шуд. Ҳотам боз гуфт:
— Эй ҷавон, бигӯ чӣ матлаб дорӣ?
Он ҷавон гуфт:
— Эй азиз, аз ман чӣ пурсӣ? Ман марде сипоҳӣ будам. Барои коре аз шаҳр баромада роҳ гум карда ба ҳукми қазову қадар гузорам ба сарманзиле афтода дидам, ки аҷаб манзиле ороста. Дар он ҳин шахсе маро мулоқӣ шуд. Аз он шахс пурсидам:
« — Ин маконро чӣ ном аст ва волии ин макон кист?»
Он шахс гуфт:
« — Волии ин маконро Мусахҳари ҷоду мегӯянд».
Тарсида аз он ҷо дуртар рафтам. Ба ҷое расида дидам, ки боғе олӣ аст. Ба дидани ин боғ маро дил моил шуд, наздик расида аз асп фуруд омадам ва дар он боғ даромадам. Чанд қадам роҳ рафта будам, ки парирӯёни соҳибҷамол бинамуданд. Донистам ки ин боғ азони париён аст. Дарҳол аз он ҷо муроҷиат намудам.
Иттифоқо яке аз эшон маро диду гуфт:
« — Эй одамизод, ба куҷо меравӣ, баргард!»
Ҳангоме ки назарам афтод, мадҳуш шудам, аз нова гурехта ба новадон гирифтор шудам. Баъд аз соате ба ҳуш омадам, дасти маро гирифта, бар болои маснад дар назди худ бинишонд ва ба нозу карашма дилу ҳуш аз ман даррабуд ва ман ба сурати ӯ назаркунон мутаҳайир будам ва ӯ бо ман овезон. Дар ин ҳин падари ӯ даррасид, ҷӯшону хурӯшон ба чандии ғазаб хост, ки аз гардани духтар гирифта ба замин занад ва устухони ӯ нарм-нарм шавад.
Духтар гуфт:
« — Ё падар, банда бегуноҳам. Аввал маро гуноҳ собит кун, баъд аз он ҳар чӣ хоҳӣ, бикун».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё