Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй одамизод, дар ин ҷо чӣ гуна расидӣ ва ба кадом матлаб дар ин мақом омадӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй нозанинон, маро дар ин ҷо худованди олам овард ва ман барои Алканпарӣ ба кӯҳи Алқон меравам.
Паризодон гуфтанд:
— Алканпарӣ духтари подшоҳи париёни кӯҳи Алқон аст.

Ҳотам гуфт:
— Эй нозанинон, Тамими Хоразмӣ ном ҷавонеро ба худ гирифтор карда, ваъдаи васл дода рафтааст.
Паризодон гуфтанд:
— Ӯро чӣ афтодааст, ки ба одамизод ваъдаи висол диҳад? Магар туро хуш рафтааст, ки ба ин роҳи пурбалову офат меравӣ? Агар ҳазор ҷон туро бувад, якеро нахоҳанд гузошт.

Ҳотам гуфт:
— Эй ҷаҳонсӯзон, алҳол бо ин бечора ваъда карда омадаам. Ҳар чӣ пеш ояд, хоҳам дид, банда ба ҳеҷ кас хилофи ваъда накардаам.
Париён гуфтанд:
— Эй одамизод, бояд, ки чанд рӯз бо моён дар ин мақом мусоҳиб бошӣ. Баъд аз он ба ту роҳи кӯҳи Алқонро менамоем.

Ҳотам гуфт:
— Некӯ бошад.
Ҳотам чанд рӯзро дар ин мақом бо паризодон ба айшу ишрат гузаронида гуфт:
— Эй паризодон, бояд, ки фақирро ба кӯҳи Алқон расонед.
Паризодон гуфтанд:
— Хуб аст.

Алқисса, ҳамаи он паризодон бо ҳамроҳии Ҳотам ҳафт шабонарӯз ба тарафи кӯҳи Алқон роҳ рафтанд. Баъд аз ҳафт шабонарӯз ба ҷое расида гуфтанд, ки:
— Эй одамизод, акнун моёнро рухсат фармо, ки ҳадди моён дар ҳамин мақом аст ва аз ин пештар рафтан моёнро ҳад нест.
Боз гуфтанд:
— Эй одамӣ, бояд, ки аз ин роҳи рост набарой. Баъд аз чанд рӯз ба доманаи кӯҳе хоҳӣ расид.

Ҳотам бо паризодон видоъ карда, ба тарафи кӯҳи Алқон равона шуд. Ба ҷое расида ду роҳ дид ва бар сари

пешина
аз 269
навбатӣ