Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
гашта наомадаанд. Сабаб ин буд, ки бо ту такаллум накардам.
Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, чӣ ном дорӣ?
Ҷавон гуфт:
— Тамими Хоразмист номи ман.
Ҳотам боз гуфт:
— Он парӣ номи худ ва қабоили худ ва макони худро гуфта буд ё не?
Ҷавон гуфт:
— Эй азиз, номи ӯ Алканпарӣ ва қабоили ӯ Алкон аст ва аз макони ӯ ҳеҷ намедонам, аммо ба ҷониби рост чанд қадам ниҳода буд.
Байт:
Ғоиб ту ҳастӣ аз назар, гулро тамошо чун кунам?
Чун лола доғ аст дар ҷигар, гулгашти саҳро чун кунам?
Алкисса, Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, ту ба кори худ машғул бош ва маро мисли дигарон мапиндор. Ман низ молу ҷони худро дар роҳи Худо бохтаам ва ба кори бандагони ӯ ҷон фидо месозам.
Инак, аз паи маъшуқаи ту рафтам ва ту дар ин мақом бошӣ.
Тамими Хоразмӣ гуфт:
— Некӯ бошад.
Алкисса, Ҳотам аз Тамими Хоразмӣ ҷудо шуда, ба ҳамон тарафе, ки парӣ рафта буд, роҳӣ шуд. Баъд аз чанд вақт аз қуллаи ин кӯҳ гузашта, ба қуллаи кӯҳи дигаре баромада дид, ки дарахтони бисёр сар бар фалак кашида ва дар миёни он дарахтон суфае ороста ва музайян.
Бар болои он суфа баромада бинишаст. Баъд аз соате аз кӯлвори худ кулчарезае бароварда, ба қадри иштиҳо тановул намуда, ба хоби фароғат муқайяд шуд. Ҳангоми шом буд, ки чаҳор паризоди моҳрӯй омада диданд, ки бар болои суфа одамизоде хобидааст.
Ҳамаи эшон бар сари болини Ҳотам бинишастанд.
Баъд аз чаҳор соат Ҳотам аз хоб бедор шуда дид, ки чаҳор паризоди офтобталъат бар болои маснадҳо рӯ ба рӯи ӯ нишастаанд. Дарҳол аз ҷои худ бархост ва бо он нозанинон салом кард. Паризодон ҷавоби салом дода пурсиданд, ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё