Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Дидам туро зи даст бирафт ихтиёри дил,
Оре, зи дасти дида харобаст кори дил.
Алкисса, баъд аз соате чашм кушода дидам, ки он моҳрӯй сари маро бар болои зонуи худ ниҳода, гулобу атр бар рӯи ман мезанад. Аз ин марҳамати он маҳрӯй шӯриши дили ман ҳазорон ҳазор зиёда шуд ва аз ҷои худ бархоста гуфтам:
«— Эй оламсӯз, дар ин мақом бо кадом сабаб омадӣ ва аз кадом синфӣ?»
Он нозанин гуфт:
«— Эй ҷавон, бидон ва огоҳ бош, ман париям ва ин куллаи кӯҳ макони ман аст».
Боз гуфт:
«— Чун ту одамизодеро мехостам. Солҳои сол орзӯ дар дил доштам. Имрӯз ба он орзӯ расидам».
Аз ин сӯзи дилдӯзи он моҳрӯй молу матоъ ва қофиларо фаромӯш карда, бо ҳамроҳии ӯ дар ин мақом будам. Баъд аз чанд рӯз ба ӯ гуфтам:
«— Эй барно, дар ин биёбон будан чӣ фоида дорад?
Бояд ки ба ободӣ рафта, дар миёни мардумон умр ба сар барем».
Он дилбар гуфт:
«— Хуб аст, аммо рухсати падару модар даркор аст».
Ин бигуфта аз ҷои худ бархост ва ба хизмати падару модараш озим шуд.
Боз гуфтам:
«— Эй нозанин, кай хоҳӣ омадан?»
Ӯ гуфт:
«— Баъд аз як ҳафта дар ин ҷо хоҳам расид ва ту аз ин ҷо ба ҷои дигар наравӣ ва дар ин мақом мунтазир ба омадани ман бошӣ».
Ман гуфтам:
«— Некӯ бошад.»
Акнун аз он замон то ба ин ҳафт сол гузашта меравад, ҳеҷ нест, ки биёяд. Ман ба ҷое рафта наметавонам, мабодо ки биёяд, маро аз ин мақом наёбад ва аз ман ранҷа шавад. Акнун, эй азиз, маро тоқат намондааст, ки аз паи ӯ рафта нишон ва асар аз ӯ биёбам. Ба қуввати ман барги ҳамин дарахт сабаб шуда. Об аз ин чашма менӯшам.
Акнун ба ҳоли худ назар месозам, осмон баланду замин сахт. Чун ту касони бисёре омада аҳволпурсӣ карда рафтанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё