Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй ҷавон, аз ин оҳи дилсӯзи худ ба ман чизе бигӯй.
Он ҷавон ҳеҷ нагуфт ва чашми худро ҳам накушод. Ва ба хондани он рубоӣ мукайяд буд.
Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, чаро чашм намекушоӣ ва бо ман сухан намекунӣ?
Ӯ чашми худро кушода дид, ки як ҷавон омада нишастааст. Ва ӯ матлуб набуда. Боз чашм пӯшонида ҳеҷ нагуфт ва ба кори худ машғул шуд.
Ҳотам боз гуфт:
— Эй ҷавон, магар гӯши шунаво надорӣ? Се маротиб аст, ки аҳвол мепурсам, ҷавоб намегӯӣ!
Дарзамон он ҷавон чашми худро кушода гуфт:
— Эй азиз, чӣ ном дорӣ ва аз куҷо омадӣ ва аз мани аламзада чӣ мепурсӣ? Бояд ки бархезӣ ва ба роҳи омадаи худ биравӣ.
Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, саргузашт ва муроди худро ба ман бигӯй, шояд, ки мушкили ту аз дасти ман осон шавад.
Он ҷавон гуфт:
— Эй бузург, мисли ту касони бисёр дар ин ҷо омада аҳволпурсӣ карда рафтанд ва бозгашта наёмадаанд ва ту ҳам яке аз онҳоӣ. Бархез ва ба роҳи омадаи худ бирав ва маро ранҷа мадор.
Ҳотам боз гуфт:
— Эй ҷавон, ба ҳаққи он Худое, ки марову туро офаридааст, аз аҳволи худ ба ман чизе бигӯй, то маро орзу дар дил намонад.
Он ҷавон гуфт:
— Эй азиз, соате дар пеш бинишин ва аз рози дилсӯзи худ ба ту чизе бигӯям.
Ҳотам бинишаст.
Он ҷавон гуфт:
— Эй азиз, ман марди савдогаре будам, бо ҳамроҳии қофила аз зери ин кӯҳ мегузаштам. Маро ҳаваси дидани куллан кӯҳ ба хотир афтод. Чун наздики ин дарахт расидам, дидам, ки нозанине рӯй ба монандӣ панҷаи офтоб дар зери ин дарахт нишастааст. Дарҳол тири ишқи он нозанин дар ҷигари реши ман расида ҷой гирифт ва аз ҳуш рафта, дар ин мақом афтодам.
Байт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё