Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй Ҳотам, чанд рӯзе дар ин ҷо ором гир, то ки кӯфти роҳ аз ту дар шавад. Баъд аз он саволи сеюмиро бар ту хоҳам гуфт.

Дарҳол Ҳотам аз хизмати духтар баромада, дар пеши шаҳзода омад ва гуфт:

— Эй шаҳзода, хотири худро ҷамъ доред, ки оқибат кори шуморо ба инояти оллоҳ саранҷом хоҳам намуд.

Алкисса баъд аз чанд рӯз Ҳотам ба хизмати малика омаду гуфт:

— Эй малика, саволи сеюми худро бигӯй.

Малика гуфт:

— Эй Ҳотам, саволи сеюм ин ки дар биёбони Ҳумро марде мегӯяд ки:

Ҳар ки бадӣ кард, ба бад ёр шуд,
Ҳам ба бади хеш гирифтор шуд.

Бояд, ки аз ҳақиқати ин сухан маро огоҳ гардонӣ.

САФАРИ САВВӮМ

Ҳотам аз духтар рухсат гирифта, ба ҷониби биёбони Ҳумро роҳӣ шуд ва намедонист, ки биёбони Ҳумро ба кадом тараф аст. Таваккал карда мерафт ва суроғи он ҷоро мепурсид. Ҳеҷ кас хабари биёбони Ҳумроро намедонист.

Алкисса, баъд аз як моҳ ба ҷое расида дид, ки кӯҳи бузурге сар бар фалак кашида. Аз болои он кӯҳ овозе меояд, ки пуршӯру дилсӯз:

Биё, биё, ки намондаст тоби маҳҷурӣ,
Кашидаем басе дардҳои ранҷурӣ.
Биё, илоҷи ман инак бикун, ки аз сари меҳр,
Ғаме, ки ҳаст ба ман, нест завқи масрурӣ.

Алкисса Ҳотам бар болои он кӯҳ баромада дид, ки дар зери дарахте як ҷавони соҳибҷамол бо тани лоғар ва заиф шохи он дарахтро ба ду даст гирифта ва чашмҳои худро пӯшонида ҳамон мисраҳоро мехонад.

Ҳотам мутаҳайир шуд ва дар пеши ӯ рафта пурсид, ки:

пешина
аз 269
навбатӣ