Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй ҷавонон, чаро инро дар ин мақом овардед? Аз умри ин ҳанӯз сад сол боқист. Дар ин ҷо меомадагӣ кас дигар аст, ӯро биёред ва инро бурда дар ҷояш гузоред.

Дарҳол аз он ду ҷавон пурсидам, ки:

— Эй ҷавонон, шумоён киёнед, маро аз дӯзах халос карда дар биҳишти анбарсиришт ҷоям добед?

Он ду ҷавон гуфтанд:

— Моён ду ноне, ки ба моҳиёни дарё андохта эҳсон мекардӣ.

Чун ба ҳуш омадам, худро тандурусту сиҳат дидам ва шукри Худои оламиёнро ба ҷо овардам ва аз ҳамаи кирдору корҳои бади худ тавба кардам ва аз он рӯз то ба имрӯз ин қасрро бино карда дар пештоқ ин байтро навишта мондаам, ки чизеро ба дарё андохтан фоидаи уқбо1 будааст.

Ва гуфт:

— Эй ҷавон, мурдан ҳақ аст ва маънии ин байт чунин ва чунон буд, ки баён кардам.

Ва он пир Ҳотамро то се рӯз нигоҳ дошт. Баъд аз се рӯз Ҳотам аз пир рухсат гирифта, ба ҷониби Ҳуснобод роҳӣ шуд. Манзилу мароҳил тай карда, ба Ҳуснобод даррасид ва дар корвонсаро рафта, ба шаҳзода мулоқот намуд.

Чун рӯз гузашта шаб шуд, ҳамаи саргузашти худро дар назди шаҳзода як-як баён намуд.

Алкисса, шаб гузашт, офтоби ҷаҳонтоб дар ин олами зулмонӣ тулуъ карда буд, ки мулозимон омада, Ҳотамро дар назди маликаи оламсӯз бурданд.

Малика парда бар рӯи худ кашида гуфт:

— Эй мулозимон, чизе хӯрдани дар пеши Ҳотам гузоред.

Дарҳол ходимон чандин қисм таом оварда, дар назди Ҳотам гузоштанд. Ҳотам тановулкунон аз аҷоиботу ғароибот ба малика ҳикоят мекард.

Алкисса баъд аз фароғи таом ҳақиқати он саволи худро аз Ҳотам пурсид.

Ҳақиқати он саволро Ҳотам ба маликаи дилором баён намуд.

Малика ва доя таҳсину офаринҳо карданд ва мегуфтанд, ки:

— Ин ҷавон малоикасифат афтодааст, ҳарчӣ мегӯяд, рост мегӯяд.

Малика гуфт:

1 Уқбо — охират.

пешина
аз 269
навбатӣ