Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй ҷавон, чӣ ном дорӣ ва аз куҷо омадӣ, ба куҷо меравӣ ва сабаби омадани ту дар ин мақом чист?
Ҳотам гуфт:
— Эй пир, ман аз шаҳри Яманам ва номи ман Ҳотам бинни Тай бинни Каҳлон аст ва дар мулки Хуросон бозаргоне будааст Хоҷа Барзах ном ва ӯро маликаи Хуросон шаҳре бино карда, ва худи ӯ бағоят соҳибҷамол ва босаховат аст.
Ҳотам ҳамаи қиссаи духтару шаҳзода ва саргузашти худро дар пеши пир як-як баён намуд ва гуфт:
— Эй азиз, нишони як саволи онро дар қасри шумо ёфтам.

Пир гуфт:
— Эй ҷавон, бигӯ, ӯ кадом аст?
Ҳотам гуфт:
— Эй пир бишнавед:

Ту некӣ мекуну дар даҷла андоз.
Ки эзид дар биёбонат диҳад боз

ва гуфт:
— Эй азиз, мехоҳам, ки ҳақиқати ин гуфтори дилсӯзро бар ман гӯед.
Пир гуфт:
— Эй Ҳотам, бидон ва огоҳ бош, ман дар ин олам марди роҳзан будам. Чун молу матои тоҷирон ва мусофиронро ба зӯр мегирифтам, ҳар рӯз ду нон аз моли дуздии худ пухта ба моҳиёни дарё меандохтам ва моҳиёни дарёро тамошо мекардам ва гоҳ дар дили худ мегуфтам, ки «ин ҳама нонҳоро ба ин моҳиён аз барои худо додаам, ҷазои ин кори ман чӣ мешуда бошад». Рӯзе аз қазои илоҳӣ озоре дар бадани ман пайдо шуда, аҳволам ба ҷое расид, ки ҷони ширин ба ҷонофарин таслим намоям.

Охируламр ҷон аз қолибам кашиданд. Мувақкалони дӯзах хостанд, ки маро ба дӯзах гузаронанд. Ду ҷавони фариштахӯй дасти маро гирифта аз дӯзах бароварданд. Мувақкалон хостанд, ки боз маро ба дӯзах андозанд, он ду ҷавон гуфтанд:
— Ҷои ин дар биҳишт аст. — Ва ҳардуи эшон дасти маро гирифта ба дарвозаи ҷаннат бурданд ва дар он ҳин азизе пайдо шуда омада гуфтанд, ки:

пешина
аз 269
навбатӣ