Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй духтар, чаро ғам мехӯрӣ, он ҳама зару ҷавоҳир ва матоъ ба шавҳари ту додаам, ки агар ҳафт пушти ту бихӯрад, адо нахоҳад шуд. Агар қабул надорӣ, бубин ҳа- маи зару ҷавоҳирҳоро.

Дарҳол ҳамаи он зару ҷавоҳирҳоро оварда, дар пеши духтар биниҳоданд.

Духтар дид, ки ҳафтод пушти ӯ бихӯрад, адо нахоҳад шуд, аз гиря бозистод.

Баъд аз он Ҳотам бо эшон видоъ карда, ба талаби ҷа- воби саволи малика Ҳуснбону рӯй ба саҳро ниҳода ме- рафт. Ногоҳ бар лаби дарё расида дид, ки иморати олие ороста ва музайян. Дар пештоқи қасри он навиштаанд, ки:

Ту некӣ мекуну дар даҷла андоз,
Ки эзид дар биёбонат диҳад боз.

Алкисса, Ҳотам дидан ҳамоно шукри худои оламиён- ро ба ҷо овард ва гуфт: «Алҳамдулиллоҳ, ба матлаби хеш восил шудам».— Наздик рафта, аз дарвозаи он қаср са- до карда буд, ки дарҳол чанде аз мулозимон баромада пурсиданд, ки:

— Кистӣ ва аз куҷо омадӣ ва ба кӣ кор дорӣ?

Ҳотам гуфт:

«Ба хидиванди шумоён кор дорам».

Дарҳол мулозимон рафта гуфтанд:

— Эй бузург, ҷавони хушрӯи соҳибҷамол аз роҳи дур омада ва ба дари қаср истодааст. Он бузург гуфт:

— Андарун биёред!

Дарзамон мулозимон Ҳотамро андарун бурданд.

Ҳотам наздик рафта дид, ки марди кӯҳансоле бар бо- лои тахти мурассаъ нишастааст. Дарсоат таслим ва одоб ба ҷо оварда, ба он пир салом кард. Ва он бузург ҷавоби салом дода, аз ҷои худ бархост ва Ҳотамро дар канор ги- рифта, бар сари тахти мурассаъ бинишонд. Рӯ ба ҷони- би мулозимон назар карда гуфт:

— Обу таом биёред!

Дарҳол мулозимон чандин қисм таом оварда, дар пе- ши Ҳотам гузоштанд.

Он пири бузург бо ҳамроҳии Ҳотам ба хӯрдани таом муқайяд шуд. Баъд аз фарӯғи таом он бузург аз Ҳотам пурсид, ки:

пешина
аз 269
навбатӣ