Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

ва меҳмондориҳои аҷибе барои Ҳотам намуд. Баъд аз чанд вақт Ҳотам аз шоҳ рухсат хост.

Дарҳол Фурқосшоҳ чанде аз девонро фармуд, ки:
— Эй девон, бояд, ки ин азизро ба Шаҳри Шӯр расонида, дар бозгашт хати расад аз ин бузург гирифта биёред.

Девон гуфтанд:
— Фармонбардорем!

Алкисса, девон ҳамаи хазоинро бо Ҳотам бардошта, қатъи манзилу тайи мароҳил карда, баъд аз чанд вақт бар сари он нақб оварда гузоштанд.

Ҳотам аз кисаи худ қаламу давот бароварда, хати расад навишта, ба дасти девон дод.

Девон бо Ҳотам видоъ карда, хатро гирифта ва ба ҷониби макони худҳо бозгаштанд.

Ҳотам ҳамаи он зарҳоро гирифта, дар корвонсаро дохил шуд, бо Наими бозаргон мулоқот кард.

Дарҳол бозаргон аз ҷои худ бархоста, дар зери қадами Ҳотам афтод. Ҳотам бозаргонро дар канори худ гирифта тасаллӣ дод ва гуфт:
— Эй бозаргон, ин ҳама ҷавоҳиру зарҳоро ба ту бахшидам.

Бозаргон хушҳол шуд.

Алкисса, шабро дар он ҷо гузаронид. Алассабоҳ ба дари қасри духтар омад. Мулозимон ба духтар омадани Ҳотамро расониданд.

Духтар парда ба рӯи худ кашида, Ҳотамро андарун талабида аҳвол пурсид.

Ҳотам ҳамаи саргузашти худро дар пеши духтар як-як баён намуд. Мӯҳраро аз бозуи худ кушода дар пеши духтар ниҳод ва гуфт:
— Эй оламсӯз, акнун чӣ матлаб дорӣ?

Духтар гуфт:
— Алҳол азони ту шудам, ҳарчӣ хоҳӣ бикун ва ба ҳар кӣ хоҳӣ бидеҳ.

Дарҳол падари духтарро оварда, ба асбоби кадхудоӣ машғул шуданд.

Билохир ҳамаи лавозимоти кадхудоро ба ҷо оварда, духтарро ба бозаргон ақд карда супориданд.

Бозаргон дар шабистони духтар даромада коми дил ҳосил кард.

Алкисса, баъд аз гузаштани даҳ рӯз он мӯҳра аз дасти духтар ғоиб шуд, духтар дар гиря даромад.

Ҳотам шунида бозомад, духтарро дилосой дод ва гуфт:

пешина
аз 269
навбатӣ