Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Шоҳ мутааҷҷиб шуда гуфт:
— Ту ошиқи ӯ нестӣ?
Ҳотам гуфт:
— Не, ин ҳама корҳоро аз барои ӯ кардаам.
Шоҳ гуфт:
— Эй бузурги асил, номи ту чист?
Ҳотам гуфт:
— Номи ман Ҳотам бинни Тай, подшоҳзодаи Яманам.
Шоҳ ба таҳқиқ номи Ҳотамро шунида, бо узри бисёре гуфт, ки агар тақсире аз ман гузашта бошад, даргӯзарӣ ва маоф намой.
Ҳотам мӯҳраро ба бозӯи худ барбаст.
Ҳамин ки мӯҳраро ба даст гирифта буд, ганҷҳои зери заминӣ ва рӯи заминӣ ҳама ба назараш бинамуд.
Алкисса, Ҳотам аз шоҳ рухсат гирифта, ба ҷониби духтар равона шуд.
Шоҳ бо аркони давлат миқдори се манзил роҳ бо Ҳотам ҳамроҳӣ кард.
Баъд аз он мулозимонро фармуд ва гуфт:
— Эй мулозимон, ин ҳама зару ҷавоҳирро бардошта, ин бузургро ба ҳадди мулки Фуркос расонед ва дар айни гаштан ба ин ҷониби хати расад аз ин одамизод гирифта биёред.
Мулозимон гуфтанд:
— Фармонбардорем.
Ин бигуфта шоҳ бо Ҳотам видоъ намуда, ба ҷониби боргоҳи худ бозгашт.
Ҳотам бо Ҳуснопарӣ ва чанде аз мулозимони Моҳпарӣ манзилу мароҳил тай карда роҳ мегаштанд.
Баъд аз чанд вақт ба қарибии мақоми Ҳуснопарӣ расиданд.
Ҳуснопарӣ Ҳотамро ба макони худ таклиф намуд.
Ҳотам муддати се моҳро дар мақоми Ҳуснопарӣ ба айшу ишрат гузаронид.
Баъд аз се моҳ Ҳотам аз Ҳусно рухсат хост.
Ҳуснопарӣ бо паризодон ба Ҳотам рафоқат намуд, то он вақте ки ба сарҳадди Фуркосдев расиданд.
Баъд аз он паризодон бо Ҳуснопарӣ бо ҳазор ҳасрату надомат бо Ҳотам видоъ карда, ба ҷониби макони худҳо бозгаштанд.
Фуркосшоҳ аз омадани Ҳотам воқиф шуда, бо аркони давлат Ҳотамро истиқбол карда, дар шаҳри худ даровард

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё