Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

фармуд, ки минбаъд одамизоде дар ин мамлакат ояд, ҳеҷ аҳадеро бо ӯ коре абошад ва ҳар орзӯе дар дили ӯ бошад, бигӯяд, ӯро хизмат кунанд.

Муддати чиҳил рӯз ба рӯи Ҳотам ҷашне ороста, хушҳол гардонид. Баъд аз фароғи сӯҳбат чандон зару ҷавоҳири беқиёс оварда дар назди Ҳотам гузоштанд, ки ба ҳисоб рост намеояд.

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ ин зару ҷавоҳирҳо маро чӣ кор ояд. Магар маро ба кор ояд дар он вақт ки ба ҳадди хоки Фурқос расонида бидиҳанд ва Фурқосшөҳ ин зарҳобу ҷавоҳирҳоро ба макони ман хоҳад расонид.

Моҳпарӣ мулозимони худро фармуд, ки ҳаргоҳ одамизод ба ҷониби ватани худ ирода орад, бояд шумоён ин ҳама зару ҷавоҳирҳоро то ба ҳадди мулки Фурқосшоҳ расонида бидиҳед.

Мулозимон гуфтанд:

— Фармонбардорем!

Ҳотам боз гуфт:

— Эй шоҳ, ин ҳама зару ҷавоҳирро ба завқи худ марҳамат кардед ва он аҳду паймоне ки карда бубед дар куҷо шуд?

Шоҳ гуфт:

— Ҳар чӣ муроди ту бошад, ба он расонам.

Ҳотам гуфт:

— Мӯҳрае дар дасти туст, ба ман марҳамат намой.

Подшоҳ сари худро дар пеш афканда, баъд аз соате сар бардошта гуфт:

— Магар ин мӯҳраро духтари Ҳориси бозаргон талабидааст?

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ, ман низ бо он духтар аҳду паймон карда будам.

Дарҳол мӯҳраро аз дасти худ бароварда, ба Ҳотам дод ва гуфт:

— Эй азиз, агар ин мӯҳраро ба духтари бозаргон бидиҳӣ, ба дасти ӯ нахоҳем гузошт.

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ бигузор то ҳангоме ки ошиқи толиб ба муроди худ расида, мақсуд ба даст орад.

Шоҳ гуфт:

— Ошиқи ӯ кист?

Ҳотам ҳақиқати Наими бозоргонро дар назди шоҳ як-як баён намуд.

пешина
аз 269
навбатӣ