Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳотам гуфт:
— Эй Ҳусно, ин ҳама суханҳои ту мақбули ман шуд. Бояд, ки рафта об аз он дарахт биёрӣ.
Ҳуснопарӣ аз завқи Ҳотам бо ҳамроҳии ҳафт ҳазор парӣ ба ҷониби пардаи зулмот равона шуд. Дар аснои роҳ ҳама париён аз тарси девон аз Ҳуснопарӣ як-як ҷудо шуда монданд. Худ ӯ яккаву танҳо дар миёни замину осмон муддати чиҳил шабу рӯз дар парвоз буд.
Алкисса, баъд аз чиҳил шабу рӯз дохили пардаи зулмот шуда дид, ки дарахти азиме сар ба фалак кашида ва қатра-қатра об аз танаи он мерезад. Шишаеро аз бағали дилсӯзи худ бароварда, дар баробари он об дошта буд, ки баъд аз лаҳзае он шиша аз он об пур шуд. Даҳони шишаро мустаҳкам карда, дар бағал андохта, дар парвоз даромад.
Деви Ҳалқос, ки бо дувоздаҳ ҳазор дев нигаҳбони он дарахт буд, аз ин кардаву кирдори Ҳуснопарӣ хабардор шуда дид, ки паризоде об аз дарахти нуррез бурда истодааст. Дарҳол бо дувоздаҳ ҳазор дев аз таоқуби Ҳуснопарӣ пеш карда мехост, ки расида Ҳуснопариро дастгир созад.
Ҳуснопарӣ дар гурез шуд.
Алкисса, девон миқдори чаҳор фарсанг роҳ пеш карда расида натавонистанд ва аз рӯи ноҷорӣ аз он ҷо бозгаштанд.
Ҳуснопарӣ баъд аз чиҳил рӯз ба хизмати шоҳ ва Ҳотам худро расонид ва ҳамаи саргузашти худро як-як баён намуда, шишаи обро дар пеши подшоҳ гузошт.
Шоҳ Ҳуснопариро дар канор гирифта навозиш кард, аз ҷумлаи муқаррабон ва хосони худ гардонид. Дарҳол шишаи обро ба дасти Ҳотам дод. Ҳотам мӯҳраро бо он оби шиша соида, дар чашми шаҳзода кашид ва муддати ҳафт рӯз чашми шаҳзодаро баста монд. Баъд аз ҳафт рӯз кушода диданд, ки ба сабаби он мӯҳра ва он об чашми шаҳзода равшану мунаввар гаштааст, гӯё ки аз модар нав таваллуд шуда бошад.
Дарҳол шаҳзода рӯи падару модарро бидид ва аз ҷои худ бархост ва дар зери қадами падару модар афтода заминбӯсӣ кард.
Шоҳ шаҳри худро оинбандӣ фармуд. Мулозимон ба фармоиши шоҳ шаҳрро оинбандӣ карданд.
Моҳпарӣ аз қаламрави худ тамоми паризодонро талабида ва ҷашни аҷибе ороста, ба аркони давлати худ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё