Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Аммо нур ба чашмҳои шаҳзода пайдо нашуд, ки чизеро бубинад.
Шоҳ гуфт:
— Эй инсони некӯкор, чашмҳои шаҳзода сиҳат ёфта, омоси обила аз чашмҳои ӯ дур шуд, аммо чизеро намебинад.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, дар пардаи зулмот дарахтест ва он дарахтро нуррез мегӯяд. Агар як қатра об аз он дарахт оварда, дар чашми шаҳзода чаконем, чашмҳои шаҳзода равшану мунаввар хоҳанд шуд.
Шоҳ гуфт:
— Эй париён, касе дар миёни шумоён бошад, ки ин хизматро ба ҷо орад?
Ҳамаи париён сар дар пеш андохта гуфтанд:
— Эй шоҳ, ҳеҷ кадоми моёнро ҳадди он нест, ки рафта аз он дарахт қатраи об биёрем. Бинобар он ки роҳ зиёда пурхатар аст ва наррадевон дар роҳи он хобидаанд, ки оламро зерӯ забар мекунанд ва бӯи онҳо ба димоғи ҳар ҷондоре бирасад, аз ҳуш беҳуш мешавад.
Ҳуснопарӣ ба монандӣ бандиён дар гӯшае истода буд. Дид, ки ҳамаи париён аз овардани оби дарахти нуррез оҷиз омаданд, дарҳол дар пеши тахти шоҳ омада истода шуд ва гуфт:
— Эй шоҳ, агар аз тақсироти ин шикаста даргузаранд ва ин одамизодро ба ин камина бахшанд, рафта об аз пардаи зулмот хоҳам овард.
Шоҳ гуфт:
— Эй Ҳусно, агар ин хизматро ба ҷо орӣ, аз тамомии хатоҳову тақсироти ту даргузастам ва он сарҳадро ба падару ба модари ту бахшидам, аммо ихтиёри одамизод бар ман нест ва худи ӯ мухтор аст.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, агар ӯ дар тамомии умр маро дар назди худ нигоҳ дорад, маро қавли ӯ дуруст нест. Аммо дар хузури шоҳ аҳду паймон намояд, ки ихтиёр ба дасти ман бошад, хоҳ биистам ва хоҳ биривам.
Ҳуснопарӣ гуфт:
— Маро бо ту кори дигар нест, мехоҳам, ки чанд рӯзе дар сӯҳбати ман бошӣ, туро серии борағбат бубинам ва ҷои худро бо ман бинамой, ҳар гоҳе ки хоҳам, ба хизмати ту бирасам ва аз ман рӯй нагардонӣ ва боқӣ ихтиёр мар турост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё