Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Шоҳ гуфт:
— Эй барно, туро дар ҳадди мулки мо кӣ расонид?
Ҳотам гуфт:
— Нӯкарони Фурқосшоҳ.
Моҳпарӣ бозгуфт:
— Эй одамӣ ҳеҷ медонӣ ки дар миёни бани одам табиби ҳозику доно ҳаст ё не?
Ҳотам гуфт:
— Шоҳро бо ҳаким чӣ кор? Магар миёни париён ҳакими донову ҳозиқ камтар аст?
Шоҳ гуфт:
— Шарофату каромат ва доноиро худо бар ҷинси одамӣ арзонӣ фармудааст ва аз одамӣ донотар синфе дар миёнаи махлуқот нест, чунончи деву париву ҷинро дар қайди тасхири худ мекунад.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, аз ин пурсидан матлаб чист?
Шоҳ гуфт:
— Эй одамӣ, дар тамомии ҳашаму шавкати худ маро як писарест, дар ҳусну ҷамол бебадал. Аммо дар чашми ӯ обила пайдо шуда, чашмҳои ӯ аз дидан бозмондааст ва ба ҳеҷ илоҷ чашмҳои ӯ кушода намешавад.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, агар шаҳзодаро чашм кушода шавад, бар банда чӣ инъом хоҳанд кард?
Шоҳ гуфт:
— Эй азиз, ҳарчӣ ту хоҳӣ онро бидиҳам.
Ҳотам гуфт:
— Ба шарте ки аҳду паймон кунанд ва аз қавли худ нагарданд, иншооллоҳ ман ӯро илоҷ хоҳам кард.
Дарҳол шоҳ даст дароз карда дасти Ҳотамро бигирифт, ва гуфт:
— Агар ман аз қавли худ баргардам ба худои оламиён банда набуда бошам ва худои таоло аз ман безор бошад ва ман аз ҷумлаи иблисон бошам.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, фардо дар илоҷи ӯ хоҳам кӯшид.
Чун шаб гузашт, алассабоҳ шаҳзодаро оварда бар болои тахт бинишонданд.
Дарҳол Ҳотам мӯҳраи паризодро аз ҷайби худ баровард ва ба луоби даҳони худ соида, ба чашмҳои шаҳзода молид. Баъд аз як рӯз обила аз чашмҳои шаҳзода дур шуда аз омоси он ҳеҷ асаре боқӣ намонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё