Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дарҳол модари ӯ духтарро бо ҳамроҳии Ҳотам гирифта, дар хонаи худ овард. Муҳайёпарӣ ва Муншопарӣ ва зани ӯ духтарро бо Ҳотам гирифта ба мулозимати шоҳ равона шуданд.

Қатъи манзилу тайи мароҳил намуда, баъд аз чанд вақт ба дари боргоҳи шоҳ даррасиданд.

Дарҳол Муҳайё ба мулозимати шоҳ даромада ба арз расонид, ки:

— Эй шоҳ, инак, Муншоро бо ҳамроҳии зану духтари ӯ ва одамизодро овардам.

Шоҳ гуфт:

— Дарҳол, ҳозир созед!

Мулозимон Муншопариро гирифта дар пеши ӯ оварданд. Муншо одобӣ шоҳона ба ҷо оварда қадамбӯсӣ карда истод. Баъд аз соате Муншо ба арз расонид, ки:

— Эй муттакои ғарибон ва эй фарёдРаси бечорагон, бандаро аз ин ваҷҳ ҳеҷ чизе ва иттиҳое набуд. Банда фармонбардорам. Чун моро бандагӣ ва хизмати шоҳи олампаноҳ мусаллам аст, мулозим рафтан ҳамон бо зану фарзанду тобеон ба хизмат омадем. Ҳарчи ба хотири мубораки шоҳи олампаноҳ мерасад, бандаро ҳеҷ ҳуҷҷат нест.
Молу ҷону қабоил фидои кудуми шоҳи оличоҳ аст.

Шоҳ гуфт:

— Эй Муншо, ҳамаи кардаҳои туро муоф¹ кардам ва аз ҷамеи тақсироти шумоён даргузаштам — ва фармуд:

— Одамизодро биёред!

Дарҳол Ҳотамро дар назди шоҳ оварданд. Шоҳ ба ҷониби Ҳотам нигоҳе карда дид, ки аҷоиб одамизоде: рӯй ба монандӣ офтоби ховар, аз шашғааи ҷамолаш олами зулмонӣ мунаввар, дар синии бисту дусолагӣ, акнун хати райҳонӣ ба гирди орази чун моҳаш дамида. Дар дил гуфт, ки «ҳақ ба ҷониби духтари Муншо будааст, ки ошиқу фирефтаи ҷамоли ин шуда, аз сари ору номус гузаштааст».— Ин гуфта Ҳотамро дар назди худ талабида биншонд ва гуфт:

— Эй одамизод, ба кадом сабаб дар ин мамлакати мо афтодӣ? Аз саргузашти худ ба ман чизе бигӯ.

Ҳотам гуфт:

— Авсофи шумову аҷоиботи мамлакати шуморо аз Фурқосшоҳ шунида будам. Орзӯи дидани ҷамоли шумо бар ман ғолиб шуд. Бинобар он худро ба ҳазор машаккат дар ин ҷо расонидам.

¹ Муоф ← афв.

пешина
аз 269
навбатӣ