Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй Муҳайёпарӣ! Бо си ҳазор лашкари ороставу ҷаррор рафта Муншопариро бо зану фарзандону мулозимонаш дасту гардан баста, бо ҳамроҳии он одамизод дар назди ман биёри!

Дарҳол Муҳайё аз ҷои худ бархост ва одобу таслимоти шоҳро ба ҷо оварда, бо си ҳазор лашкари ороставу ҷаррор ба тарафи Муншопарӣ равона шуд. Манзилу мароҳил тай карда, баъд аз чанд рӯз ба мақоми Муншопарӣ расид.

Муншопарӣ ин ҳама лашкарро дида, мутаҳайир шуд ва гуфт: «Мӯҷиби ғазаб кардани шоҳ бар ман чӣ бошад, ки бо ин ҳама лашкар Муҳайёро ба сари ман фиристода?». Ин бигуфту бо муқаррабони худ баромада дар назди Муҳайё расид ва бо ӯ мулозимат карда гуфт:

— Эй Муҳайё, сабаби омадани ту дар ин мақом чист?

Муҳайё гуфт:

— Эй Муншо, духтари ту одамизодро аз дасти мулозимони шоҳ дуздида оварда, нигаҳбонони Кулзумро зарбу ситами бисёре кардааст.

Муншо гуфт:

— Эй Муҳайё, маро аз ин ҳодиса ҳеҷ хабаре ва огоҳе нест, бозрафта аз модари ӯ пурс.

Дарҳол дар пеши зани худ рафта гуфт:

— Эй нобакор, духтар дар куҷост?!

Зани ӯ гуфт:

— Аз он рӯзе ки аз мову ту рухсат гирифта рафта буд, муддати се моҳ мешавад, ки ҳанӯз наёмадааст.

Ӯ дар ғазаб шуда гуфт, ки:

— Эй гесубурида, духтари ту одамизодро аз дасти нигаҳбонони Кулзум дуздида овардааст, шоҳ шунида ғазаб кардааст!

Аз шунидани ин калом рангу рӯи модари Хуснопарӣ зард шуда, ба заъфарон мубаддал гашт ва ба ҷониби боғ равона шуд. Аз дари боғ даромада дид, ки духтар масту бепарво дар айшу ишрат машғул шуда, бо ҳамроҳии Ҳотам нишастааст. Модараш давида омада ҳарду мушти худро гиреҳ карда, бар сари духтар зад ва гуфт:

— Эй нобакор, падару модаратро харобу бадном карди. Шоҳ барои ин одамизод Муҳайёро бо си ҳазор лашкар бар сари моён фиристодааст!

Аз шунидани ин каломи бесаранҷом рангу рӯи Хуснопарӣ ба монандӣ гули заъфарон зард шуд, наздик буд, ки ҷони ширин ба ҷонофарин таслим намояд.

пешина
аз 269
навбатӣ