Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй ҳоҷибон, бизанед ин нобакоронро, ки дар бистаргоҳи ман ба дуздӣ омадаанд.
Ҳоҷибон дарҳол шашпарҳову чӯбҳо ба дасти худ гирифта хез карда буданд, ки ҳамаи онҳо гурехта, яке аз эшон ба даст афтод ва ин бечораро чунон кӯфтанд, ки аз зӯри чӯбу шашпар худро ба монандӣ мурда сохта, бар замин афтод.
Ҳуснопарӣ фармуд, ки:
— Эй ходимон, мурдаи ин нобакорро аз ин боғ берун андозед!
Мулозимон ҷасади он бечораро аз боғ берун андохтанд. Баъд аз соате ба худ омада дид, ки ҳеҷ кадом аз париён дар назди ӯ нест. Вақтро ғанимат дониста, фарёдкунон ва гирёну нолон ба дари боргоҳи шоҳ расид.
Шоҳ пурсид, ки:
— Эй мулозимон, ин додхоҳ кист?
Дарҳол чанде аз дарбонон он бечораро дар назди шоҳ оварданд.
Шоҳ пурсид, ки:
— Эй мазлум, туро кӣ ранҷонид ва аз дасти кӣ ин ҳама фарёду нола мекунӣ ва рӯйҳои худро чаро сиёҳ кардаӣ?
Он парӣ гуфт:
— Ё қиблаи олам, аз дасти духтари Мунҷопарӣ ин ҳама нолаву фарёд мекунам.
Шоҳ гуфт:
— Сабаби ранҷонидани ӯ чист?
Он парӣ гуфт:
— Эй шоҳ, ман аз ҳамон париёнам, ки одамизодро гирифта, ба хизмати шумо меовардем. Дар арзи роҳ мулозимони Ҳуснопарӣ он одамизодро дуздида, дар назди Ҳуснопарӣ бурдаанд. Ҳамаи моён дар тараддуди ёфтани ӯ будем. Қазоро гузори ман бар сари боғи Ҳуснопарӣ афтод. Ба рӯи ҳаво овози суруду нағма аз замин бар гӯши ман расид ва аз канораи он боғ назар карда дидам, ки дар даруни боғ Ҳуснопарӣ масти шароби ноб он одамизодро гирифта сайркунон мегардад ва ба мулозимони ӯ гуфтам, ки Ҳуснопарӣ ин одамизодро ба ман бидиҳад, ман онро ба хизмати шоҳ мебарам. Аз ин гуфтори ман дар ғазаб шуд ва мулозимони ӯ маро зарбу ситами бисёре карда, ҳамчун мурда гардониданд. Акнун, эй шоҳи олампаноҳ, шумо соҳибихтиёред.
Аз ин гуфтори парӣ шоҳ дар ғазаб даромада фармуд, ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё