Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй нигаҳбонон, одамизодро гирифта чӣ кардед? Онҳо гуфтанд:
— Муддатест, ки ӯро бо ҳамроҳии як фирқае аз париён ба хизмати шоҳи олампаноҳ фиристодаем.

Ин гуфта ҳамаи нигоҳбонон аз ғазаби подшоҳ тарсида мутаҳайир шуданд ва он қосид гашта омада, ба хизмати шоҳ ҳамаи аҳволро арза намуд.

Моҳпарӣ дар ғазаб шуда гуфт:
— Эй ходимон, бояд, ки чанде аз шумоён рафта он одамизодро бо париён, ки ба ӯ ҳамроҳ бошанд, гирифта биёред, то маълум шавад, ки он ҳаромзодагон одамизодро ба куҷо бурдаанд ва чӣ кардаанд!

Паризодон «фармонбардорем» гуфта миёни осмону замин дар парвоз даромаданд. Тамомии атрофи оламро мекофтанд. Ногоҳ гузори хайле аз париён дар боғи Муншопарӣ афтод. Диданд, ки овози суруду нағмаи чанг меояд.

Алкисса, аз як гӯшаи он боғ нигоҳе карда диданд, ки духтари Муншопарӣ даст ба даст, гардан ба гардани одамизодро гирифта, хиромон-хиромон масти бодаи ноб мехоҳад, ки аз боғ баромада, касби ҳавои биёбон кунад.

Ҳамаи онҳо ин ҳолро дида, ба якдигар гуфтанд, ки «дасти одамизодро духтари Муншопарӣ гирифта гаштааст». Алкисса, мулозимони Моҳпарӣ дар назди хизматгорони Хуснопарӣ омаданд ва гуфтанд:
— Эй париён, моён одамизодро гирифта, ба хизмати шоҳ мебурдем. Дар арзи роҳ маликаи шумоён моёнро дар хоб дида, ин одамизодро дуздида овардааст. Бояд, ки ин одамизодро оварда бар моён бисупоред ва илло умед аз ҳаёти худҳо барканед чаро ки аз ин кори шумоён ғазаб бар сари шоҳ муставлӣ1 шудааст.

Мулозимони Хуснопарӣ омада гуфтанд:
— Эй малика, огоҳ бош, ҳамон паризодон, ки аз дасти онҳо одамизодро дуздида оварда будем, филҳол хабар ёфта омадаанд ва ин одамизодро талаб мекунанд ва мегӯянд, ки ин одамизодро ба хубӣ ҷавоб бидиҳед ва илло ҳамаи шумоёнро ба амри шоҳи олиҷоҳ ба қатл хоҳем расонид ва ин ҳама макоидҳои шумоёнро харобу нобуд хоҳем гардонид. Муншопариро бо ҷамъи авлодонаш дар пеши шоҳ бурда хоҳем кушонид.

Чун Хуснопарӣ ин хабарро шунид, дар ғазаб шуд ва гуфт:

1 Муставлӣ — ғолиб.

пешина
аз 269
навбатӣ