Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳуснопарӣ гуфт:
— Эй барно, муҳраро аз дасти Моҳпарӣ гирифтан маҳол аст. Акнун туро дида ошиқу мубталои рӯи ту шудам.
Ҳотам гуфт:
— Муҳраро аз дасти Моҳпарӣ хоҳам гирифт ва муроди ту аз ман ҳосил нахоҳад шуд.
Парӣ гуфт:
— Агар муроди маро ҳосил созӣ, муҳраро ман хоҳам ба ту гирифта додан.
Ҳотам гуфт:
— Чӣ гуна ба даст меорӣ?
Парӣ гуфт:
— Ба хотири ту саъй хоҳам намуд, хотири худро ҷамъ дор.
Алқисса, Ҳотамро дар он боғ нигоҳ дошта рӯзу шаб ба айшу ишрат гузаро менамуд.
Акнун чанд калима аз паризодон шунавед:
Посе аз шаб гузашта буд, ки бедор шуда диданд, Ҳотам дар миёнаи эшон нест. Дар ин боб мутаҳайир шуда, ба ҳар тараф медавиданд, аз ҳеҷ ҷо чизе ва асаре наёфтанд. Мутафаккир шуда, ба якдигар мегуфтанд, ки кадоме аз париён дида ва мубталои рӯи ӯ шуда, дуздида бурдааст. Агар подшоҳ аз ин кирдори бади он воқиф шавад пӯст аз косахонаи сараш хоҳад канд. Ба якдигар гуфтанд:
— Акнун маслиҳат чист?
Баъзеи онҳо гуфтанд:
— Ҳафт иқлим тараддуд бояд кард, шояд, ки аз ягон ҷой дараку нишон аз вай ёфта шавад.
Дар ин ҳин хабари ба даст афтодани Ҳотамро ба Моҳпарӣ расонида буданд, ки нигаҳбонони Қулзум одамизодеро гирифта меоваранд.
Аммо нигаҳбонон тамомии оламро тараддуд карда мегаштанд ва аз ҳеҷ ҷо асару нишони Ҳотамро намеёфтанд.
Алқисса, дар ин боб муддати як моҳ гузашт.
Рӯзе аз рӯзҳо Моҳпарӣ ба аркони давлати худ гуфт:
— Эй мулозимон, нигаҳбонони Қулзум одамизодро чаро наёварданд? Бояд, ки яке аз шумоён рафта хабари ӯро биёред.
Дарҳол яке аз париён парвоз карда, ба лаби дарёи Қулзум расида пурсид, ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё