Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Кулзум ба хоби фароғат муқайид хоҳанд шуд. Ба ҳангоми хоби эшон ин одамизодро ба дуздӣ хоҳем овард.

Аз ин гуфтори паризодон Ҳуснопарӣ хушвақт шуда, ба ҷониби бӯстони худ равона шуд. Ба қадри як санг роҳ аз чаҳорбоғи худ ин ҷониб нузул фармуда, мунтазири заб шуда истод. Чун рӯз гузашта, заб бар сари чанг даромад, мулозимони худро талабида гуфт, ки:
— Рафта он одамизодро гирифта биёред.

Чанде аз айёрон байни замину осмон парвоз карда, истоданд. Ҳангоме ки нигаҳбонони Кулзумро хоб даррабуд, дар он вақт айёрон доруи мадҳуш дар димоғи Ҳотам заданд. Ҳотам ҳамчун мурда сарнагун афтод. Дарҳол кулӯла карда ва ба пардаи гилеми худ печонида, ба пушти худҳо бардоштанд. Манзилу мароҳил тай карда оварда, дар пеши Ҳуснопарӣ гузоштанд.

Дарҳол пардаи гилемро кушода, бар рӯи Ҳотам нигоҳе карда дид, ки рӯй ба мисли панҷаи офтоб. Тири зарандуди укобпаре аз камонхонаи Ҳотам ҷаста, дар сандуқи синаи Ҳуснопарӣ зад, ки то пару пайкон ва пеши синон дар ҷигараш ғарк гардид.

Ҳуснопарӣ дарҳол мадҳуш шуда афтод. Ҳамон замон мулозимон хушбӯӣ оварда дар димогаш доштанд, дарҳол ба ҳуш омад ва гуфт:
— Доруи ҳикмат ба димоғи одамизод дошта ба ҳуш биёред.

Дарҳол хизматгорон ҳамчунон карданд. Ҳотам чашм кушода дид, ки боғи аҷибе ва ӯ дар миёни як ҷамоа занони соҳибҷамол истодааст. Аз паризодон пурсид:
— Шумоён кистед ва маро дар ин мақом кӣ овард?

Ҳуснопарӣ гуфт:
— Ин боғ азони Муншопарист ва ман духтари ӯям ва номи ман Ҳуснопарист. Чун овозаи ту ба гӯши ман расид, маро орзӯи дидани рӯи ту ғолиб омад. Билохир аз дасти он ҷамоаи паризодон туро дуздида дар ин мақом овардем.

Ҳотам гуфт:
— Боиси дуздида овардан чист? Ин кори шумоён мӯҷиби таъхири кори ман хоҳад шуд.

Ҳуснопарӣ гуфт:
— Туро чӣ кор буд?

Ҳотам гуфт:
— Эй парӣ, ман барои мӯҳраи Моҳпарӣ омада будам.

пешина
аз 269
навбатӣ