Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ҳо барем ва чанди рӯз парвариш намоем. Баъд аз он ба хизмати Моҳпарӣ расонем.
Дар ин гуфтугӯ буданд, яке аз мулозимони Хуснопариро гузор ба сарвақти Ҳотам афтод. Дарҳол рафта ба мулозимати Хуснопарӣ гуфт:
— Эй нозанини ҷаҳон, дар ин мамлакат одамизоде омада, осори шоҳӣ аз чини ӯ ҳувайдо. Рӯй ба мисли офтоби ховар ва он одамизодро нигаҳбонони Кулзум дастгир кардаанд.
Аз шунидани ин хабари дилсӯз Хуснопариро шодӣ ҳосил шуд. Ҳамеша дар дили худ дидани одамизодро орзӯ мекард.
Хуснопарӣ духтари Муншопарӣ буд ва Муншопарӣ яке аз нӯкарони Моҳпарӣ буд.
Алкисса, Хуснопарӣ ба мулозимони худ гуфт:
— Эй ёрон, ман ҳамеша дар орзӯи дидани одамизодам.
Онҳо гуфтанд:
— Эй ҷаҳонорой, албатта дар роҳ рафта вайро бояд дид.
Хуснопарӣ гуфт:
— Аз хона берун шудани ман маҳол аст.
Онҳо гуфтанд:
— Ба баҳонаи сайру шикор аз падару модар рухсат гирифта хоҳед рафтан.
Алкисса, Хуснопарӣ аз падару модар рухсат гирифта, ба баҳонаи шикор ба ҷониби Ҳотам равона шуд. Манзилу мароҳил тай карда, баъд аз се рӯз ба канори дарёи Кулзум расиданд ва диданд, ки лашкари бекарон ба канораи дарё фуруд омада. Дарҳол яке аз мулозимони худро фармуд, ки:
— Рафта аз ин лашкариён хабар гир, ки инҳо киёнанд.
Он мулозим омада ба таҳқиқ дид, ки нигаҳбонони дарёи Кулзум як одамизодеро дар миёна гирифта нишастаанд. Дарҳол гашта омада, ҳамаи дидагиҳои худро баён кард ва гуфт:
— Ӯро нигаҳбонони Кулзум дар назди Моҳпарӣ мебаранд ва дар бобати ҳусну ҷамол дар ин олам назир надорад.
Аз ин таърифи мулозим Хуснопарӣ ба сад дил ошиқи нигарони Ҳотам шуд ва ба мулозимони худ гуфт:
— Ин одамизодро ба кадом тадбир дида мешавад?
Паризодон гуфтанд:
— Эй фитнаангези олам, чун шаб шавад, ҳамаи нигахбонони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё