Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ва зинда берун омадааст. Дарҳол ӯро дар зери санги азиме ниҳоданд. То се рӯзи дигар Ҳотам дар зери он санг буд. Баъд аз се рӯз аз зери санг берун омад.

Паризодон диданд, ки одамизод дар зери он санг намурдааст, дарҳол бурда, ба дарёи Қулзум андохтанд ва худҳо бозгаштанд.

Ҳотам ба оби он дарё ғӯтазанон мерафт. Қазоро наҳанги азиме аз зери дарё расида, Ҳотамро дар коми худ кашид. Ҳотам дар пешгоҳи шиками наҳанг мадҳуш шуда афтод.

Баъд аз соате ба ҳуш омада, дар шиками он наҳанг давидан гирифт ва дилу ҷигари наҳангро помол карда, рӯдаҳои ӯро фурӯ кӯфт. Аз ин ҳаракату давидани Ҳотам шиками моҳӣ ба дард омада худро дар хушкӣ гирифт. Билохир бетоқат шуда, Ҳотамро аз шиками худ берун андохт.

Ҳотам мурдавор аз коми наҳанг дар даруни лои бисёр афтод. Баъд аз соате ба ҳуш омада, аз ҷои худ бархост ва ба канорае равона шуд. Чанд қадам роҳ рафта буд, ки заъф ва гуруснагӣ ғолиб омада, дар даруни тӯдаи реге афтод ва ба ҳар сӯ назар мекард. Нигоҳ хайле¹ аз паризодон ба сарвақти ӯ расида пурсиданд, ки:
— Эй ҷавон, туро дар ин мақом кӣ овард.

Ҳотам гуфт:
— Маро дар ин мақом Худои карим овард. Муддати мадидест, ки маро наҳанг дар коми худ кашида ва ду рӯз аст ки аз шиками худ маро дар ин макон андохтааст. Агар шумоёнро тавфиқ бошад, чизе хӯрдание бар ман бидиҳед ва маро аз меҳнати гуруснагӣ халос намоед. Имрӯз ҳафт рӯз аст, ки дар батни наҳанг гуруснаву бетӯъмае ҷой гирифта будам. Алҳол маро тоқати гаштан нест.

Паризодон гуфтанд:
— Эй одами хомтамаи саргардон, чӣ гуна обу тоом бар ту бидиҳем, ки подшоҳи моён ҳукм кардааст: «Агар одаме ё деве дар ин маконҳо биёяд, гирифта ӯро бикушед ва ё дар пеши ман биёред». Алҳол ту дар ин макон омадаӣ ва туро ба қатл хоҳем расонд.

Ин гуфта хостанд, ки Ҳотамро пора-пора созанд. Яке аз эшонро раҳм бар ҳоли Ҳотам омада гуфт:
— Эй паризодон, моён куҷову шоҳ куҷо. Ин бечора ба чандин машаққат аз шиками моҳӣ берун омада ва аз ҷинси одамист. Ин фирқаро Худои оламиён аз моён шарифтар офаридааст. Биёед ин мазлумро дар макони худ-

1 Хайл — гурӯҳ, тӯда.

пешина
аз 269
навбатӣ