Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳотам гуфт:
— Касе ки маро дар ин ҷо расонидааст, мӯҳраро ба дасти ман хоҳад даровард. Ман донаму Моҳпарӣ.

Шоҳ гуфт:
— Эй ҷавон, ин хаёлро аз сари худ дур кун ва аз баҳри ин кор бигзар.

Ҳотам гуфт:
— Чӣ гуна бигзарам? Бо касе аҳд карда будам, чӣ гуна нуқси аҳд намоям?

Нонлоҷ Фурқосҳоҷ чанде аз девон фармуд, ки:
— Ҳотамро ба сарҳадди макони Моҳпарӣ расонед.

Дарҳол чанде аз девон Ҳотамро бардошта, баъд аз як моҳ дар ҳадди мамлакати Моҳпарӣ расониданд.

Девон гуфтанд:
— Эй азиз, аз ин кӯҳ он тараф тааллуқ ба Моҳпарӣ дорад ва моёнро аз ин ҳадд пеш рафтан тоқат нест. — Ин гуфта ҳамаи девон аз он ҷо бозгаштанд.

Ҳотам аз девон ҷудо шуда, ба сарҳади мамлакати доманаи кӯҳе расида дид, ки он кӯҳ сар ба фалак кашида ва бар болои он кӯҳ ҷамоае аз паризодон истодаанд ва мегуфтанд, ки «одамизоди хомтамаъ ба ин ҷониб меояд ва қасди баромадани ин кӯҳ дорад». Дарҳол ҳамаи эшон аз кӯҳ фуруд омада Ҳотамро гирифта бар болои он кӯҳ бурда, ба ғулу занҷир дасту гарданашро банду мустаҳкам намуданд ва гуфтанд:

— Эй маҳлуқ, аз куҷо омадӣ ва ба куҷо меравӣ ва туро дар ин мақом кӣ овард ва чӣ матлаб дорӣ?

Ҳотам гуфт:
— Маро дар ин ҷо худо овард ва ман аз Шаҳри Шӯр омадам.

Паризодон гуфтанд:
— Магар туро духтари Ҳорис фиристодааст ва ӯро рағбати мӯҳраи Моҳпарист?

Ҳотам дар дили худ гуфт: «Агар гӯям, барои мӯҳра омадаам, зинда нахоҳанд гузошт. Беҳтар он ки хомӯш бошам». Ҳотам ҳеҷ нагуфт.

Паризодон машварат карда гуфтанд:
— Ин одамизодро дар оташ андозем.

Ҳотам мӯҳраи паризодро дар даҳони худ гирифта, муддати се рӯз дар даруни оташ истод.

Паризодон хотири худҳо ҷамъ карда, ба ҳар тараф рафтанд.

Баъд аз се рӯз Ҳотам аз он оташ берун омад.

Паризодон диданд, ки он одамизод дар оташ несухта

пешина
аз 269
навбатӣ