Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Эй, Ҳотам, аз ҳақиқати он овоз ва аз барҳам хӯрдани он маро огоҳ гардон.

Ҳотам ҳамаи кардаву дидаи худро як-як баён намуд.

Духтар гуфт:

— Рост гуфтӣ, алҳол он овоз намеояд. Акнун бояд, ки шарти сеюми моро ба ҷо орӣ.

Ҳотам гуфт:

— Шарти сеюм кадом аст?

Духтар гуфт:

— Эй Ҳотам, бояд, ки рафта мӯҳраи Моҳпариро гирифта биёрӣ.

Дарҳол Ҳотам аз мулозимати духтар баромада, дар корвонсаро омад ва бозаргонро видоъ карда, ба ҷониби биёбон роҳӣ шуд.

Баъд аз чанд рӯз дар зери дарахте расида бинишаст ва бо худ фикр карда мегуфт: «Ба куҷо равам?». Дарзамон ба хотираш расид, ки «дар пеши подшоҳи девон равам ва аз ӯ мақоми Моҳпариро пурсам ва ӯ бояд, ки донад».— Ин бигуфт ва соате аз сари накб даромада, манзилу мароҳил тай карда, баъди як ҳафта нигоҳ карда дид, ки ба канори ҳамон биёбон расидааст ва бо он роҳи рафта омадаи худ даромада роҳӣ шуд.

Баъд аз чанд вақт ба деҳае расид. Девон хабар ёфта омада тавозӯи Ҳотамро ба ҷо оварданд.

Дарҳол омадани Ҳотамро ба Фурқосшоҳ расониданд. Фурқосшоҳ бо аркони давлат баромада, Ҳотамро дарёфт кард ва дар оғӯши пурҷӯши худ кашида аҳволпурсӣ менамуд. Дар ҳамон деҳа як шаб таваққуф карда алассабоҳ девон Ҳотамро бар сари китфҳо бардошта, ба дари боргоҳи шоҳ расониданд ва бар болои тахти подшоҳӣ бинишонданд ва ҷамъи аркони давлат омада Ҳотамро мулозимат карданд. Баъд аз инҳо чандин қисм таом оварда, дар пеши Ҳотам гузоштанд. Баъд аз фарӯғи таом шоҳ гуфт:

— Эй бузург, ба кадом сабаб боз ба ин ҷониб қадам ранҷа фармудед?

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ, барои мӯҳраи пари омадаам.

Шоҳ сари худро ҷунбонида дар фикр фурӯ рафт.

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ, мӯҷиби сар фурӯ кардан чист?

Шоҳ сари худро бардошта гуфт:

— Эй бародар, он мӯҳраро аз дасти Моҳпарӣ гирифтан аз ҷумлаи маҳолот аст.

пешина
аз 269
навбатӣ