Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Мулозимон гуфтанд:
— Фармонбардорем.
Дарҳол фармуд, ки:
— Эй мулозимон, шамшери буррову тез оварда бар ман бидиҳед.
Дарҳол ходимон шамшери тезе оварда, ба дасти он ҷавон доданд ва шамшерро ба даст гирифта, дар харами хеш даромада буд, ки ҳамаи канизон мавлои худҳоро дида, шодикунон мехостанд, ки бибии худҳоро аз ин ҳол воқиф созанд. Он ҷавон ишорат карда гуфт, ки «Эй канизон, пеш оед».
Ҳамаи онҳо давида омада дар пеши он ҷавон истода шуданд. Вай гуфт:
— Бибии шумоён дар куҷост?
Онҳо гуфтанд:
— Бибӣ бо ҳамроҳии ғуломи ҳабашӣ ба айшу фарағат хобидааст.
Дарвоқеъ дар хонаи зарандуд даромада дид, ки занаш бо ҳамроҳии ғуломи ҳабашӣ ба айшу фароғат хобидааст. Дарҳол он мехи оҳанинро бар сари зан фурӯ кӯфт. Зан ғалте зада, ба сурати модасаг шуд ва бо он шамшери бурро ба сари ғулом зад, ки сараш ҳамчун гӯй дар миёни хона дар рақс даромад. Сипас дар пеши Ҳотам баромад ва аз дасти ӯ гирифта оварда, бар болои маснади шоҳона бинишонд ва он маккораро ба сурати саг ва сари ғуломро оварда, дар пеши Ҳотам гузошт.
Ҳотам сурати ғуломи ҳабаширо дида, дар тааҷҷуб шуд. Ҳотам он меҳро аз сари саг канда гирифт ва зан ба сурати аслӣ омада, тавбаву тазаррӯи бисёре карда, дар зери қадами шавҳари худ ғалтида ба мулозимати ӯ гашт.
Алкисса, Ҳотамро чанд рӯз нигоҳ дошта, эъзозу икром ба ҷой овард. Баъд аз чанд рӯз Ҳотам аз Хоҷа Музаффар рухсат гирифта, ба корвонсаро дар назди Наими бозаргон омад. Бозаргон аз ҷои худ бархост, бо Ҳотам мулоқот кард ва гуфт:
— Эй барно, чанд муддатест, ки он овоз ба гӯши духтари Хорис намерасад.
Ҳотам гуфт:
— Эй бозаргон, аз он овоз ва аз барҳам хӯрдани он хабар овардаам.
Дарҳол ҳарду аз ҷои худҳо бархостанд ва ба дари қасри он духтар омаданд. Духтар парда дар миён андохта Ҳотамро андарун талабида гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё