Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
дода, ба қасди ҳалоки ман будааст. Дар ҳангоми хоб он нобакор вақти худро ғанимат ёфта, ин мехи тилис-миро бар сари ман фурӯ кӯфт. Аз хоби ширин бедор шуда, худро ба сурати саг дидам.
Эй азизон, намедонам ин тилисмро худи он сохта бошад ё ба дигаре созонида бошад? Аз зӯри дард ва озор гурехта баромадам ва ба ҳар ҷое ки расидам, сағони шаҳр бегона дида, маро дар миёна гирифтанд ва захмҳою ҷароҳатҳое бар бадани ман андохтанд. Бино-бар он роҳи биёбонро пеш гирифта гурехта меомадам, ки шуморо худои оламиён ба сарвақти ман расонид. Ин ҳама шафқату ва марҳаматҳо дар бораи ман кар-дед ва он мехи ҷодуе будааст, ки аз сари ман канда гирифтед.
Ва боз гуфт:
— Эй бузург, ҳақиқати кори ман ва асли муқадди-маи ман ин буд, ки ба шумо арз намудам.
Ҳотам аз шунидани ин сухан сар фурӯ карда, дар тафаккур рафт. Баъд аз соате сар бардошта гуфт:
— Эй ҷавон, шаҳри ту дар куҷост?
Писари бозаргон гуфт:
— Эй азиз, аз ин ҷой то ба шаҳри ман серӯза роҳ ҳаст ва номи он шаҳрро Шаҳри Шӯр мегӯянд.
Ҳотам ба дил гуфт: «Духтари бозаргон ҳам дар ин шаҳр аст, ки ман аз паи ҷавоби саволи ӯ рафта будам» ва ба ӯ гуфт:
— Эй ҷавон, ин меҳро нигоҳ дор, барои дафъи душ-ман ба кори ту хоҳад омад. Ҳангоме, ки дар хонаи худ би-расӣ вақтро ғанимат ёфта, ин меҳро бар сари зани худ би-занӣ, модасаг шавад ва ба сари ғуломи худ бизанӣ, ба су-рати нарсаг шавад.
Алқисса, он ҷавон аз ҷои худ бархоста, бо ҳамроҳии Ҳотам ба ҷониби Шаҳри Шӯр равона шуд.
Манзилу мароҳил тай карда, баъд аз чанд рӯзе аз дар-возаи он шаҳр дохил шуданд. Он ҷавон Ҳотамро дар хо-наи худ бурд. Дарбонон ва мулозимон омада, дар зери қалами ӯ афтоданд ва гуфтанд:
— Эй хидеванд, дар ин муддати чанд рӯз дар куҷо бу-дед? Аз ҳарами муҳтрами шумо мепурсидем, ки хидеван-ди моён куҷо бошанд. Онҳо мегуфтанд, ки муддатест ки баромада рафта, ҳеҷ асаре ва нишоне намебошад.
Он ҷавон гуфт:
— Эй ёрон хомӯш бошед ва аз ин ваҷҳ напурсед ва ка-серо аз омадани мо воқиф насозед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё