Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

мондааст». Наздик расида дид, ки он саг қариб ба ҳалокат расида мехоҳад, ки ҷони ширин ба ҷонофарин таслим намояд. Раҳме дар дилаш омада, он сагро бар китфи худ бардошт ва аз барои он саг дар тараддуди об шуд. Аз дур сурати деҳае ба назараш бинамуд. Он сагро бардошта, ба ҷониби деҳа равона шуд. Баъд аз соате ба он деҳа расид.

Мардумони он нони ҷаву дуғ оварда, дар назди Ҳотам гузоштанд. Ҳотам нону дуғро дар пеши он саг биниҳод. Дарҳол саг нону дуғро шикамсерӣ бихӯрд.

Ҳотам назар карда дид, ки он саг таркиби хуше, ҳусни дилкаше пайдо кард. Даст бар пушти сару гардани ӯ мекашид ва мегуфт: «Зиҳӣ қудрати комилаи ӯ ки ҳар киро ба сурати алоҳидае халқ кардааст». Ногоҳ дасти Ҳотам бар миёнаҷои сари он саг расид. Дид, ки чизи сахте ба монандӣ шӯх бар сари он саг маълум мешавад. Нек-нек тааммуқ кард, ки як мехи оҳанин бар сари ӯ задаанд. Дарҳол он меҳро аз сари саг канда гирифт.

Ҳамон замон саг ғалте зада, ба сурати ҷавони соҳибҷамоли хушрӯй шуд. Ҳотаму мардумони он деҳа ҳама дар ҳайрат шуданд ва ин чӣ сир аст гуфта, ҳама хомӯш монданд.

Ҳотам гуфт:

— Эй ҷавон, аз аҳволи худ ба моён чизе бигӯ ва аз ҳақиқати ин кор моёнро огоҳ гардон, ту кистӣ ва номат чист ва аз куҷоӣ?

Ҷавон аз ҷои худ бархост ва дар зери қадами Ҳотам сар монда гуфт:

— Эй бузург, дар бораи мани бечора чунин некӣ карбед, акнун бидонед ва огоҳ бошед, ки ман аз ҷинси одамам ва ман писари савдогаре будам. Падарам молу зари бисёре сарф карда, маро кадхудо карда, худ аз дунё дар дори охират рафт ва он ҳама молу матоъ ба тариқаи ирс бар ман расид. Муддате умри худро ба айшу ишрат гузаронамӯдам. Билохир сармоя ва дастгоҳ камтар шуд. Бинобар он касби падарро ихтиёр намудам. Баъд аз чанд вақт аз тиҷорат гашта, дар хонаи хеш омадам ва ба хоби фароғат муқайид шудам. Аммо зани ман бағоят соҳибҷамол буд.

Ғуломи ҳабашии зархарид ба дари хонаи худ доштам ва зани ман бо он ғуломи ҳабашии девталъат дил

1 Тааммуқ кардан — дар фикр фурӯ рафтан.

пешина
аз 269
навбатӣ