Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй ҷавонмард, ба куҷо меравӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй бародарон, ман бо шумоён сухане дорам, агар қабул мекунед, гӯям ва илло не.
Онҳо гуфтанд:
— Бигӯй.
Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавонон, агар шумоён тавба кунед, минбаъд касеро озор надиҳед, ҷандон зару ҷавоҳир ба шумоён бидиҳам, ки ҳафт пушти шумоён хӯрда адо карда натавонад.
Онҳо гуфтанд:
— Эй ҷавон, моён ин кори бадро аз барои нафси шум ва шиками гурусна мекунем.
Ҳотам гуфт:
— Қасам хӯред ва ба аҳди худҳо устувор бошед, то зару ганҷ ба шумоён бидиҳам.
Онҳо гуфтанд:
— Эй ҷавон, аввал ту он зару ҷавоҳирро бар мо бинамой, баъд аз он моёнро тавбаву қасам бидеҳ.
Дарҳол Ҳотам дасти онҳоро гирифта бар сари зару ҷавоҳир овард, ҳамаи зару ҷавоҳирҳоро ба онҳо бинамуд.
Дуздон зару ҷавоҳирҳоро дида шод шуданд ва гуфтанд:
— Эй ҷавон, акнун бигӯ, моёнро ба кадом номи Аллоҳ қасам медиҳӣ?
Ҳотам гуфт:
— Қасам ба он Худое ки мову шумоёнро офаридааст ва ӯ яккаву ягона аст, минбаъд ба молу ба ҷони бандагони ӯ хиёнату дастдарозӣ накунед.
Он замон дуздон аз афъоли1 ношоистаи худҳо тавба карда аз роҳи залолат2 баргаштанд.
Ҳотам пораи зар мувофиқи харҷи роҳи худ гирифта, ҳамаи зару ҷавоҳирҳоро ба онҳо супурд ва худ роҳ пеш гирифта равона шуд ва дар айни роҳ гаштан дид, ки як саги гаргини қоку лоғар аз парраи3 биёбон забон берун аз даҳон ва ба ҷастухез давон меояд.
Ҳотам дар дил гуфт: «Корвоне ба ин наздикӣ фаромада ва ин саги гаргин аз эшон буда, дар ин биёбон
1 Афъол — корҳо, кирдорҳо.
2 Залолат — гумроҳӣ.
3 Парра — тараф, ҷониб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё