Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

«— Эй Ҳотам, ғамгин мабош, дар ин ҷо омадани ту бе ваҷҳ нест ва боиси омадани ту дар ин ҷо ганҷест ниҳода, бигир ҳамаи зарҳову молҳоро. Чун ту дили худро танг ва малул дорӣ, кори Худоро чӣ гуна саранҷом диҳӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй бузург, ба ҳар ҳол шокирам, агар касеро сари ман даркор аст, ба худ саодат медонам».

Чун аз хоб бедор шуд, дар назди худ касеро надид. Шаб гузашт. Чун рӯз шуд, ду бузурге бар сари чоҳ омада гуфтанд:
— Эй Ҳотам ҳастӣ?
Ҳотам гуфт:
— Оре, ҳастам.
Он ду азиз дастҳои худро дароз карда гуфтанд:
— Эй Ҳотам, бигир дасти моёнро.
Дарҳол дасти он азизонро гирифта аз чоҳ берун омад ва он азизон ба Ҳотам мулоқот карда гуфтанд:
— Акнун туро матлаб чист?
Ҳотам гуфт:
— Эй бузургон, дар зери ин чоҳ ганҷест.
Онҳо гуфтанд:
— Берун хоҳем баровардан.
Яке онҳо дар чоҳ даромада ва яке дигар зарҳоро кашида анбор мекард. Чунончи ба андак фурсат ҳамаи он зарҳоро кашида, аз чоҳ берун оварданд.
Ҳотам гуфт:
— Эй азизон, шумоён аз ин зарҳо чизе бигиред.
Онҳо гуфтанд:
— Эй Ҳотам, моён ин корро барои Худо кардем, на барои дунёвӣ нафси шум.
Ин гуфта ба роҳи омадаи худ бадар рафтанд.
Ҳотам гуфт:
— Он маккорон меомаданд, ин ҳама зарҳову ҷавоҳирҳоро ба онҳо тақсим мекардам, то он ки бандагони Худойро озор надиҳанд ва пораи зару ҷавоҳирро дар кисаи худ андохта равона шуд ва дар дили худ мегуфт, ки «илоҳӣ он пирзолро бар ман мулокӣ гардон».

Порае роҳ рафта буд, дид, ки он пирзол бар сари роҳ нишастааст. Дарҳол мушти зар аз кисаи худ бароварда, ба он пирзол дод ва он пирзол ба дастури собиқ овоз кард. Дарҳол он ҳафт тан расида омаданд ва гуфтанд.

пешина
аз 269
навбатӣ