Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ту ин дараҷаро ёфтаам. Алҳамдулиллоҳ, аз уқубатҳо наҷот ёфтам ва роҳати куллӣ маро муяссар шуд.
Чуз шаб гузашт, ҳангоми субҳ буд, ки ҳамаи он бузургон ва Юсуфи бозаргон дар қабрҳои худҳо даромаданд.
Ҳотам бо онҳо видоъ карда, роҳи Ҳуснободро пеш гирифт.
Баъд аз чанд рӯз дар биёбоне расид. Дид, ки пиразане нишаста. Вай аз Ҳотам чизе суол кард. Дарҳол ангуштарини худро бароварда, ба дасти он пиразан дод ва он ангуштарин аз алмос буд. Ҳотам хост, ки аз сарвақти пиразан гузарад. Он пиразан фарёд кард.
Аз зӯри фарёди ӯ замину замон ва макину макон ҳамчун кураи симоб дар ларза даромада, ҳамон соат аз чапу рост мардумони дуздталъат ва қарақчитаркиб даррасиданд ва ҳамаи онҳо фарзандони он пиразан буданд. Пиразан он ангуштарини алмосро нишон дода гуфт, ки:
— Эй фарзандон, бигиред ин ҷавонро, ки соҳиби мол будааст.
Писарони ӯ ба Ҳотам ҳамроҳ шуда роҳ мерафтанд ва мегуфтанд:
— Ё бузургвор, моён берӯзгорем, мехоҳем ки бо шумо ҳамроҳ рафта муздурӣ ва мардикорӣ намоем.
Ҳотам гуфт:
— Беҳтар бошад.
Нохост аз таъқиби Ҳотам каманди айёрӣ андохта, сару гардани Ҳотамро банд карда пеш андохта мебурданд. Дар ҷое расида диданд, ки ҷоҳе амиқи пурофат. Ҳама чизҳои Ҳотамро гирифта ва чанд ханҷар бар бадани ӯ зада дар даруни он ҷоҳ ҳаво доданд.
Ҳамон кулоҳе, ки дар вай мӯҳраи парӣ буд, бар сари Ҳотам монда буд ва Ҳотам аз сари ҷоҳ сарнагун рафта, дар зери ҷоҳ афтод, баъд аз се рӯз ба ҳуш омада дид, ки кулоҳ бар сараш истода. Аз зери ҷоҳ хишттахтае гирифта, мӯҳраро бо оби даҳони худ тар карда ва бо он хишт соида, бар захми бадани худ молид. Дарҳол захмҳои бадани ӯ сиҳат шуда ва бо худ мегуфт: «Он мардон чӣ коре буд, ки карданд. Агар аз ман зару ҷавоҳир талаб мекарданд, ман эшонро аз дунё бениёз кардаме, акнун онҳо бар ман мулокӣ шаванд, чандон молу зар ба эшон бидиҳам, ки дар тамомии умри худҳо аз дунё маътале накашанд». Дар ҳамин фикр буд, ки хобаш даррабуд ва дар хоби ширин дид, ки марде маҳосинсафеде мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё