Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

танд, ки ин ҷавон хоҳад буд, ҳарчӣ гуфт рост баромад, моён ба гуфтаи ин ҷавон ханда карда будем.

Шоҳ ва ҳамаи он мардумон мутаҳайир шуда гуфтанд, ки ин ҷавон валӣ хоҳад буд, ҳарчӣ гуфт рост баромад, моён ба гуфтаи ин ҷавон ханда карда будем.

Алкисса, тамоми ин зархову ҷавоҳирҳоро бароварда, чаҳор тақсим карданд ва як тақсими онро ба авлоди ӯ доданд ва се тақсими онро бинобар халосии бозаргон аз уқубати гӯру охират ба масокин1 ва ба фуқаро2 доданд.

Ҳотам чанд рӯзе дар шаҳри Чин истода, баъд аз чанд рӯзе аз шоҳ ва қадрдонон рухсат гирифта, дар ҳамон роҳе, ки омада буд, даромад.

Манзилу мароҳил тай карда, баъд аз чанд рӯз ба шаҳри Одилобод даррасид ва бо Каёнишоҳу духтари ӯ мулозимат карда дид, ки малика баъд аз рафтани Ҳотам писари моҳрӯеро аз олами адам ба олами вуҷуд оварда, номи ӯро Хуррамшоҳ гузоштаанд ва он писарро дар бағал гирифта бӯса аз рӯи ҳамчун моҳаш мекард ва шукри худовандиро ба ҷой меовард ва дар шаҳри Одилобод муддати се моҳ истода, баъд аз се моҳ аз Каёнишоҳу аз духтари ӯ рухсат гирифта, ба роҳи омадаи худ равона шуд.

Манзилу мароҳил тай карда ба ҳамон қабристон расид. Чун рӯз гузашта, шаби ҳабашиталъати зулмонӣ бар сари чанг даромад, ҳамаи он мадфунон аз қабрҳои худ баромада, бар болои минбарҳо бинишастанд. Дарҳол мувақкалон чандин гуна таом оварда, дар назди эшон гузоштанд ва Юсуфи бозаргон ҳам дар қатори онҳо нишаста, ба мисли онҳо аз он таомҳо тановул менамуд.

Ҳотам пурсид, ки:
— Эй бозаргон, акнун аҳволи ту чӣ гуна аст?

Бозаргон гуфт:
— Эй ҷавон, офарин бод ба ростиву бар ҳиммати ту, ки ба ваъдаи худ вафо кардӣ ва ин некие, ки дар бораи ман намудӣ ба сабаби он аз уқубати гӯру охират наҷот ёфтам ва аз замоне ки ҷавоҳирҳову зархоро ба масокин садақа карданд, то ба ин дам аз оҳу афғони худ бозмондаам ва обу таоми ман бо аҳли ин қабристон баробар шудааст. Валекин бояд гуфт, ки хулаҳо ва хушбӯиҳои эшон аз ман зиёдтар аст, чаро ки эшон дар қайди ҳаёти худ эҳсон карда буданд ва ман ба туфайли

1 Масокин — мискинон.
2 Фуқаро — фақирон.

пешина
аз 269
навбатӣ