Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

мадиде гузашта. Моёнро, ки мебинӣ фаръи дуввум ва сеюми ӯем ва ӯ туро чӣ гуна пайғом медиҳад?
Ҳотам гуфт:
— Эй бародарон, рост мегӯед, ҳеҷ мурда ҳам ба касе пайғому хабар медодааст? Аммо дар ин боб меҳрубонии Ҳақ чунин шудааст ва дар ин боб сиррест, филҳақиқат, Худои оламиён медонад ва мурдаро зинда мегардонад ва зиндаро мемиронад, агар бозаргон пайғом намедод, чӣ медонистаме шумоёнро ва ҳавлии бозаргонро.
Боз гуфт:
— Агар бовар надоред нишони осори ӯро ба шумоён гӯям.
Онҳо гуфтанд:
— Бигӯ, шунавем.
Ҳотам гуфт:
— Эй бародарон, бозаргон гуфт, дар фалон кунҷи ҳавлӣ ҳуҷраест ва он ҳуҷра ҳамеша хобгоҳи ман буд ва дар зери он ҳуҷра зару ҷавоҳири бисёре дафн карда монда будам ва аз он хонаи зеризаминӣ ва аз зару ҷавоҳири он ҳеҷ аҳаде воқиф нашуда буд ва он зарҳову ҷавоҳирҳоро аз он ҷо берун оварда чор тақсим созанд ва як тақсими онро ворисон гиранд ва се тақсими онро бинобар халосии ман аз меҳнату аз машаққати охират барои ризои Аллоҳ садақаву эҳсон намоянд, то ман аз уқубати қабру охират наҷот меёфта бошам...
Ва ҳама саргузашти Юсуфи бозаргонро дар назди наберагони ӯ як-як баён намуд.
Ҳамаи онҳо оби дида карда гуфтанд:
— Акнун бовар хоҳем кард, аммо он ҷавоҳирҳоро бе изни подшоҳ ба даст овардан мушкил аст.
Алкисса, Ҳотамро дар назди подшоҳи Чин бурданд.
Ҳотам ҳамаи саргузашти бозаргонро ва васияти ӯро дар назди подшоҳ як-як баён намуд.
Подшоҳ мутаҳайир шуда фармуд, ки рафта ин қиссаи аҷибро бояд дид.
Шоҳ бо аркони давлат савор шуда, ба ҳавлии бозаргон даррасид. Дарҳол белдоронро фармуданд, он ҷои мутаайинро кофта ва осору аломати онро дарёфтанд. Боз андак кофта буданд, ки хонаи аҷибе баромад ва дари он хонаро кушода диданд, ки он миқдор зару ҷавоҳир ки ба гуфтан рост намеояд.

1 Фаръ — насл

пешина
аз 269
навбатӣ