Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
маликаи Ҳуснбону ва қиссаи шаҳзода Мунирро дар пеши духтар як-як баён намуд ва гуфт:
— Эй нозанин, акнун шумову падари шумо каминаро рухсат фармоед, ки аз паи матлуби хеш ба ҷониби Чин равам.
Боз гуфт:
— Эй малика, дар вуҷуди шумо барои ҳамл муоина мекунам, агар писар мутаваллид шавад, номи ӯро Хуррамшоҳ гузоред.
Алкисса, аз каёни шоҳ рухсат гирифта, ба ҷониби шаҳри Чин равона шуд. Боз хитоб ба ҷониби малика карда гуфт:
— Эй нозанин, агар зинда монам бо ин роҳ хоҳам омада, саранҷоми кор намуда, авкотро ба хушвақтӣ хоҳам гузаронид ва агар дер монам ва ё ба роҳи дигар рафтам, ватани ман шаҳри Яман аст ва ба ин бозубанд номи ҳафт пушти ман мактуб ва мазкур аст. Бояд, ки ин бозубандро нигоҳ дорӣ ва бар бозуи ӯ барбандӣ.
Ин бигуфту ба ҷониби Чин роҳӣ шуд. Манзилу мароҳил тай карда, баъд аз муддати мадиде гарди наълайни худро ба дарвозаи шаҳри Чин фурӯ кӯфт. Аз дарвозаи Чин даромада пурсид, ки:
— Эй мардумон, маҳаллаи баззозон кадом аст?
Мардумон гуфтанд:
— Фалон ҷониб аст.
Ҳотам ба маҳаллаи баззозон расида пурсид ки:
— Эй ёрон, ҳавлии Юсуфи бозаргон кадом аст?
Дарҳол аҳли он маҳалла набераҳои Юсуфи бозаргонро хабар доданд, ки аз ҷои дур шахсе омада шумоёнро мепурсад. Дарҳол фарзандони бозаргон омада, бо Ҳотам мулоқот карданд ва гуфтанд:
— Эй ҷавони некӯрӯй, бар моён чӣ кор дорӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй бародарон, ман аз назди ҷадди¹ шумоён Юсуфи бозаргон пайғом овардаам ва ӯ гуфт, ки аз ман розӣ бошанд.
Аз шунидани ин калом ҳама якбора хандаҳо карда гуфтанд:
— Эй бародар, магар ту девонайӣ ва ё чизе мадҳушӣ хӯрдаӣ, аз замони мавти ӯ то ба ин замон муддати
1 Ҷадд — бобо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё