Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

шуда сарнагун бар замин афтод. Дар ин ҳангом мори сиёҳи бадхайбат аз саҳни ин хона пайдо шуда, қасд ба ҷониби ман кард ва ман худои оламиёнро ба ягонагӣ ёд карда, аз гулӯгоҳи ӯ гирифта хафа карда будам, ки ба монанди карбос суст шуда, бар замин афтод. Дарҳол он пуркасофатро кулӯла карда дар машрабаи тилло андохтам ва дар кунҷи ин хона гӯр кардам.

Шоҳ, ки аз авлоди подшоҳони каён буд, аз суханони Ҳотам шод шуда, пурсид:
— Эй ҷавон, аслу насаби худро баён кун!

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, номи ман Ҳотам бинни Тай, подшоҳзодаи Яманам ва ба ин духтари шумо ҷин ошиқ шуда, инчунин фитнаву бедодгарӣ мекунонидааст.

Боз гуфт:
— Эй шоҳ, акнун духтари шумо аз он балои пуршӯру шар халос шуда ва он балои пуркасофат аз ин шаҳр ва аз сари шумоён дур шуд.

Шоҳ ба ҷониби Ҳотам нигоҳе кард гуфт:
— Эй бузургзодаи Яман, акнун ин духтарро ба ту бахшидам ва ман аҳд карда будам, ки касе ин духтарро ба феъли хуш ва қавли нек оварад, духтар аз они ӯ бошад. Эй ҷавон, бигир ин духтарро, коми дил аз ӯ ҳосил кун.

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, ба шарте ин духтарро қабул мекунам, ки ҳар ҷо ки хоҳам гузорам ва ҳар ҷо ки хоҳам бо худ барам, дар ин боб касе музоҳими1 ман нашавад.

Шоҳ гуфт:
— Эй барно, ихтиёр мар турост, ба ҳар ҷое ки хоҳӣ, бигзорӣ ва ба ҳар ҷое ки хоҳӣ, бибарӣ.

Ҳотам қабул кард.

Дарҳол шоҳ ба тамомии шаҳри худро оинбандӣ карда, муддате чанд рӯз ҷашне ороста, тӯю тамошои аҷибе кард, маликаи Ҳуснафрузро ақд карда ба Ҳотам супурд.

Ҳотам дар гулистони малика даромада коми дил аз ӯ ҳосил кард.

Муддати се моҳ бо он духтар дар айшу ишрат буд. Баъд аз ин муддат тамоми саргузашти худ ва ҳикояти


1 Музоҳим — монеъ.

пешина
аз 269
навбатӣ