Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

бало аз сари ман дур шуда ва маро шарму ҳаё дар оғӯш гирифтааст.
Доя гуфт:
— Эй ҷони модар, аҳволи пешинаро бар ту намебинам.
Духтар гуфт:
— Алҳамдулиллоҳ, аз ҷамеи он балоҳо халосӣ ёфта ва шарму ҳаё рафиқи ман шудааст.
Доя хитоб ба ҷониби Ҳотам карда гуфт:
— Эй ҷавон, бояд, ки аз ҳақиқати асрори имшаба маро огоҳ гардонӣ ва сабаби бедодгарии ин духтарро ба ман баён созӣ ва низ аз кардаву кирдори имшабаи хеш ба ман чизе бигӯй.
Ҳотам гуфт:
— Эй доя ҳақиқати асрори ин духтар ва кардаву кирдори имшабаи хешро дар назди шоҳ баён хоҳам намуд.
Дарҳол мухбирон хабар ба подшоҳ расонида гуфтанд:
— Эй шоҳ, маликаи ҳуснафрӯз аз ҳамаи балоҳо ва тилисмҳо халосӣ ёфта, бо ҳамроҳии ҷавони дирӯза бо шарму ҳаё нишастааст ва он ҷавон мегӯяд, ки кайфияти кору кирдори духтарро бо асрори имшаба дар назди шоҳ арза намоям, на дар пеши дигаре.
Аз шунидани ин сухан шоҳ аз ҷои худ бархост, шодикунон дар назди духтар ва Ҳотам омада дид, ки духтар бо шарму ҳаё парда бар рӯи худ кашида нишастааст. Дарҳол, шукри эзидиро ба ҷо оварда гуфт:
— Эй ҷавони ҳумоюнқадам¹, бигӯ, чӣ гуна зинда мондӣ ва чӣ дидӣ ва чӣ кардӣ ва дар тинати ин духтар чӣ балову чӣ офат будааст?
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, посе аз заб гузашта буд, ки духтар девона шуд ва ҳазён гуфтан гирифт ва ними шаб буд, ки хитоб ба ҷониби ман карда гуфт: «Эй ҷавони содда аз ҷон сер шудаӣ, акнун се савол дорам. Бояд, ки ҳамаи ин саволҳоро ҷавоб гӯӣ ва илло туро аз ҷони ширин беҷон хоҳам кард». Ман гуфтам: «Эй бедодгар! Ҳамаи он саволҳоро аз ман пурсӣ». Дарҳол се саволи худро аз ман пурсид ва ман ба инояти оллоҳтаоло саволҳои ӯро ҷавоб гуфтам. Дарҳол духтар хомӯш шуда, баъд аз соате ларзида-ларзида аз болои ин тахт беҳуш

¹Ҳумоюнқадам — муборакқадам, некқадам.

пешина
аз 269
навбатӣ