Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ногаҳ аз саҳни хона мори сиёҳи бадҳайбате пайдо шуда, ба ҷониби Ҳотам хез кард. Ҳотам дид, ки мори сиёҳ қасд ба ҷониби ӯ карда меояд, дарҳол мӯҳраи париро ба даҳони худ гирифта, ба ҷониби он мор хез кард. Аз гулӯгоҳи он мор гирифта як лаҳза хафа карда буд, ки он мор суст шуда афтод. Дарҳол кулӯла карда, дар машраби тилло андохт ва дар кунҷи он хона гӯр кард. Кори он морро саранҷом карда, бар болои тахт гузашта биншаст.
Чун посе аз шаб гузашта буд, ки духтар ба ҳуш омада ниқоб ба рӯй кашида гуфт, ки:
— Эй номаҳрам, ту кистӣ ва чаро дар ин ҷо нишастаӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй бедодгар, магар маро фаромӯш кардаӣ ва ман ҳамон касам, ки дирӯз худ оварда, бар болои ин тахти мурассаъ нишонида будӣ ва худ бар сари курсӣ нишаста мегуфтӣ: «Ошиқу мубталои ин ҷавон шудаам». Доя ва ходимони ту он вақт низ ҳозир буданд. Алҳол рӯи ҷонсӯзи худро пӯшонида, аз гуфтори худ бозмеистӣ?
Дарҳол духтар дояи худро бонг зада гуфт:
— Эй модар, дар ин ҷо ҳозир шавед.
Дарҳол доя омада дид, ки ҷавони мусофир бар болои тахт ба завқи тамом нишастааст ва духтар ниқоб бар рӯй кашида, бо шарму бо ҳаёи тамом бар замин нишастааст.
Доя ба дил мегуфт: «Шояд, ки тилисми ин духтарро ин ҷавони мусофир шикаста бошад ва ин ҷавони соҳибҳикмат ва соҳибдониш будааст».
Духтар хитоб ба ҷониби доя карда гуфт:
— Эй модар, ин ҷавон дар ин ҷо чӣ гуна зинда мондааст?
Доя гуфт:
— Эй ҷони модар, хӯи фитнаомез ва ситамнишонро аз сари ту дур карда ва бар оташи ғазаби ту об зада ва ҳамаи бедодгарӣ ва шӯрангезиро аз тинати ту дур андохтааст. Алҳамдулиллоҳ, мусофирон дигар аз ҷабру ситами бехудаи ту, бедодгар, халосӣ ёфтанд. Акнун аз ҳақиқати кори худ маро огоҳ гардон.
Духтар гуфт:
— Эй модар, аз ҳақиқати кори ман аз ин ҷавони ботадбир пурсӣ. Боиси ин ҳама бедодгарӣ ва мардумозории ман чӣ будааст? Филҳол маълум шуд, ки он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё