Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дарҳол ба фармони духтар таббохон¹ чандин қисм таом оварда, дар пеши Ҳотам гузоштанд.
Ҳотам гуфт:
— Эй ходимон, ин ҳама таомҳоро бардоред. Алҳол таом нахоҳам хӯрд ва ман дар макони ғаму бим ҳастам.
Таом аз замон мехӯрам, ки кори ин духтарро саранҷом карда коми дил аз ӯ ҳосил созам.

Доя гуфт:
— Маълум хоҳад шуд.
Алкисса, посе аз шаб гузашта буд, ки ҳамаи хизматгорон ба маконҳои дигар рафта, духтарро дар назди Ҳотам танҳо гузоштанд. Вақте буд, ки духтар аз ҷои худ бархост ва ҳазён гуфтан гирифт. Баъд аз дере аз гуфтан бозмонд ва ба ҷониби Ҳотам нигоҳе карда гуфт:
— Эй ҷавони мусофир, туро тарсе аз ҷон набуд, ки дар ин ҷо омадӣ? Акнун се саволи маро ҷавоб бигӯй, аз ҳама беҳтар бошад ва илло ҷони ширин ба ҷонофарин таслим хоҳӣ намуд.

Ҳотам гуфт:
— Эй бедодгар, бигӯ саволи худро.
Духтар гуфт:
— Он қатра дар кадом дарёест, ки аз он ҷондоре пайдо мешавад?

Ҳотам гуфт:
— Он қатра нутфа² аст ва он дарё сари одам аст ва аз он нутфа одамӣ пайдо мешавад.
Духтар гуфт:
— Он меваи ширин, ки миёнаи махлуқот аст, кадом аст?

Ҳотам гуфт:
— Он фарзанд аст. Аз ҳама чизҳо ширинтар миёнаи махлуқот аст, ҳама фидои ӯ мешаванд.
Духтар гуфт:
— Он чист, ки ҳеҷ касро намемонад?

Ҳотам гуфт:
— Он марг аст, ки ҳеҷ ҷондореро намемонад.
Духтар ба саволҳои худ ҷавоб шунида, сар дар чайби тафаккур фурӯ бурд. Баъд аз соате ларзида-ларзида аз болои курсии заррин бар замин афтод. Дар ҳамон

¹Таббох — ошпаз
² Нутфа — Тӯхма

пешина
аз 269
навбатӣ