Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳотам дид, ки бар болои тахти мурассаъ шахсе нишаста рӯ ба монандӣ офтоби ховар, аз шаъшааи ҷамоли вай олам мунаввар ва дар боби ҳусн дар ин олам зуҳуру мисол надорад. Аммо пардаи ҳаёву шарм аз пеши чашми ӯ бархоста. Ҳотам таъзиму тавозуи он духтарро ба ҷо оварда, дар пойгаҳи боргоҳи ӯ истода шуд.
Духтар гуфт:
— Эй ҷавони мусофир, дидан баробар мубталои ҳусну ҷамоли ту гашта, ошиқу беқарор шудаам.
Ин бигуфту дасти Ҳотамро гирифта пеш кашид ва бар болои тахти мурассаъ биншонд ва худи ӯ бар болои курсии заррин биншаст. Дарҳол дояи худро талабида гуфт:
— Эй модар, ҷавонони бисёр омада буданд, ҳеҷ кадоми онҳо марғуби табъи ман набуд. Аммо ин ҷавони хушлиқоро дида ошиқу нигарони ӯ шудам ва аз ҷабҳаи ин ҷавон фарри шоҳӣ ва осори ҳақонӣ зоҳир мешавад ва лоиқи ҳамбистар шудани ман дорад. Аммо ҳайфи ман меояд, ки фардо ин ҷавонро ба дор кашида хоҳанд кушт.
Доя гуфт:
— Эй барно, чун кори ту инчунин бедодгарӣ бошад, чӣ тадбир бояд кард, ки ҳамаи мусофиронро аз зиндагонии дунё сер карда, дар охират мефиристонӣ ва даст аз ин зулму ситам бознамедорӣ. Аммо ин ҷавоне, ки бар болои тахт нишастааст, лоиқу муносиби туст. Шояд ки кори ту аз ин барояд.
Ҳотам гуфт:
— Эй доя, маро аз бедодгарии ин духтар огоҳ гардон.
Доя гуфт:
— Эй ҷавон, чун посе аз шаб гузарад, ин духтар девона мешавад ва сари худро ба дару девор зада, ҳазёни билониҳо мегӯяд. Дар овони бехудӣ ва девонагӣ се савол аз мусофир мепурсад. Мусофири бечора аз саволҳои ин духтар оҷиз меояд ва он мусофирро ба дор мекашад. Эй ҷавони мусофир, дар он вақте, ки саволи худро ин духтар аз мусофир мепурсад, ман дар маҷлис ҳозир нестам.
Ҳотам гуфт:
— Боре шаб шавад, бибинам, ҳаёт боқист ё аҷал маро асири хоки сиёҳ менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё