Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй шоҳ, камина аз Яманам ва ирода ба ҷониби шаҳри Чин дорам ва аз ном пурсидан чӣ даркор аст ва мусофиронро оварда ранҷонидан? Боистӣ ки мусофиронро марҳамату навозиш созанд, ки эшон шаҳр ба шаҳру диёр ба диёр мегарданд, номи неки шоҳи олам-паноҳро дар атрофи олам ва дар ҳамаи шаҳрҳо машҳур ва мунташир гардонанд.
Шоҳ гуфт:
— Эй ҷавони некӯрӯй, балои баде бар мо нозил шудааст. Чунон адлу адолат доштам, ки ҳамаи халқон бар ман таҳсину офарин мегуфтанд. Аз зиёдии адлам ин шаҳри маро Одилобод гуфтандӣ.
Аллоҳ таоло маро духтаре додааст, ки ӯ бедодгарӣ мекунад ва мусофиронро дар пеши худ бурда, чанд чизро савол мекунад ва он бечорагон аз ҷавоби саволҳои ӯ оҷизин меоянд. Беобрӯ он бечорагонро ба дор кашида, ба қатл мерасонад ва бо ин сабаб ин шаҳрро «Бедодгарон» ном ниҳодаанд. Вуболи ҳамаи мусофирони бечора ба гардани ман афтода.
Ҳотам сар дар ҷайби тафаккур фурӯ бурда, баъд аз соате сар аз синаи худ бардошта гуфт:
— Эй шоҳ, чаро ин духтарро намекушӣ ва ба сабаби як духтар инсофу адолатро аз даст дода, мулки худро хароб мегардонӣ?
— Эй ҷавон, ҳеҷ касе фарзанди худро куштааст, ки ман бикушам? Ин нақли бузургонро нашнидаӣ, ки гуфтаанд:
Фарзанд агар тӯдаи хокистар аст,
Сурмаи чашми падару модар аст.
— Эй ҷавони некӯҳӯй, бигӯ ӯро ба чӣ навъ бикушам ва ин офатро чӣ тадбир созам?
Ҳотам ҳеҷ нагуфт.
Дарҳол мулозимон Ҳотамро ба дари қасри он духтар бурданд ва гуфтанд:
— Эй Маликаи ҷаҳон, мусофире омада ва ба дари қаср истодааст.
Малика аз мулозимон ин суханро шунида, аз ҷои худ бархост ва худро бо либоси шоҳона ва бо ҳилъати мулукона биёрост ва бар болои тахти мурассаъ бинишаст ва гуфт:
— Эй мулозимон, он мусофирро биёред!
Дарҳол мулозимон Ҳотамро дар назди ӯ дароварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё