Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Он мардумоне, ки зинда ва коку лоғар буданд, низ гуфтанд:
— Моёнро низ ҳамин тавр оварда, дар ин ҷо гу-зоштааст. Муддатест, ки дар ин ҷо бо ин тилисм ги-рифторем. Алҳол ба сарвақти мо, бечорагон, ту омада расидӣ.
Ҳотам гуфт:
— Эй бародарон, дил хуш доред, он душмани шу-моёнро барҳам зада, шумоёнро аз тилисми ӯ халос гар-донидам, — ва ҳама дидаву кардаи худро дар назди он-ҳо баён намуда гуфт: — Эй бародарон, акнун ба ҳар тарафе, ки хоҳед биравед.
Онҳо гуфтанд:
— Эй ҷавон, Худо хайри туро бидиҳад. Моёнро аз ин бало халос кардӣ ва илло ба монандӣ он мурдагон аз гуруснагиву ташнагӣ дар ин ҷо нобуд мешудем.
Алқисса, Ҳотам бо инҳо видоъ карда, роҳи Чинро пеш гирифт. Баъд аз чанд рӯз ба як ҷое расида шаҳри азиме дид. Мехост, ки аз дарвозаи он шаҳр даромада, растаҳои онро тамошо кунад, дарвозабонон расида ома-да Ҳотамро бигирифтанд. Ҳотам мутаҳайир шуда ва гуфт:
— Эй дарбонон, чаро чунин мекунед?
Онҳо гуфтанд:
— Эй ҷавони мусофир, дар ин шаҳр подшоҳе ҳаст ва ӯ духтаре дорад дар паси парда. Ҳар мусофире, ки дар ин шаҳр ояд, он духтар аз ӯ чанд суол мекунад. Агар суолҳои ӯро ҷавоб бидиҳад, бисёр хуб, ва илло он мусофирро ба чӯбаш даркашида, ба қатл мерасо-над.
Ҳотам гуфт:
— Ин чӣ расм аст, ки мусофиронро гирифтор ме-намоянд?
Дарвозабонон гуфтанд:
— Эй ҷавон, моён навкари ӯем. Лоилоҷ ҳар мусо-фире, ки дар ин ҷо ояд, гирифта дар пеши вай ме-барем.
Ҳотам бо ҳамроҳии дарвозабонон равона шуда, ба дари боргоҳи подшоҳ расид. Аз дари боргоҳ даромада, бо ду дасти адаб ба подшоҳ салом кард.
Шоҳ аз Ҳотам пурсид, ки:
— Эй ҷавони некӯрӯй, чӣ ном дорӣ, аз куҷо меоӣ ва ба куҷо меравӣ?
Ҳотам гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё