Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
он тахт хобида ва ба як тарафе як деви пурҳайбат хуфтааст. Боз ба тарафи дигар нигоҳ карда дид, ки он аждаҳо он марди обкашро дар миёнаи боғ гузошта, ба ҷониби Ҳотам хез карда меояд.
Ҳотам низ ба ҷониби он аждаҳо хез карда расида, аз ду лаби он аждаҳо ба ду даст гирифта мехост, ки мисли карбоси пӯсида ду тақсими баробар кунад. Он аждаҳо яке фарёд баровард, ки аз зӯри фарёди ӯ замину замон ва макину мақон ҳамчун кӯраи симоб дар ларза даромад ва он деви хуфта аз хоб бедор шуда бонг бар Ҳотам зада гуфт, ки:
— Эй одамизод, инак расидам. Бигзор он ёру мӯниси маро!
Ҳотам гуфт:
— Эй деви пуркасофат, ин бародари маро намегузорад, ман инро кай гузорам!
Дев гуфт:
— Эй модар, бохабар бош, ин марде менамояд, ки тилисмотро хоҳад шикаст. Ҳозир бош, ки андарун наравад.
Чун Ҳотам ин суханро шунид, филҳол даҳони аждаҳоро кушода, худро дар коми ӯ андохт ва дар пешгоҳи шиками аждаҳо рафта қарор гирифт ва андеша мекард ва дар шиками аждаҳо ҳаракат мекард, атрофу ҷониби онро медид. Ногоҳ овозе ба гӯши Ҳотам расид, ки: «Эй маҳбус, ҳарчӣ дар ин макон ба назари ту ояд ба ханҷар пора соз, то аз ин тилисмот берун шавӣ».
Ҳотам ин овозро шунида тафаҳҳус намуд.
Ногоҳ чизе гулӯла ба дасти Ҳотам даромад. Дарҳол он чизро бо ханҷар пора кард. Ба муҷарради пора кардани он чиз об аз ҳар тараф мавҷзанон пайдо шуд. Ҳотам дар он оби бепоён ғӯта зад. Чун пои ӯ бар замин расид, чашм кушода дид, ки не боғ пайдосту не он иморат ва не он дев барҷосту не он аждаҳо, дар саҳрои васее истодааст ва дар он саҳро мардумон қаторқатор баъзе мурда ва баъзе зиндаи қариб ба мурдан расида, баъзе қоқ ва баъзе лоғар ва он марде ки аждаҳо дар зери чоҳ бурда буд, дар миёни онҳо истодааст.
Ҳотам наздики ӯ рафта гуфт:
— Эй бародар, туро дар ин ҷо кӣ овард?
Он мард гуфт:
— Эй бародар, ман аз чоҳ об мекашидам, аждаҳое аз зери ин чоҳ баромада, маро даррабуд ва дар ин ҷо оварда гузошт ва худи он ба ҷонибе рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё