Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

рафта он зару ҷавоҳиротро ёфта, ба мардумон бидиҳам.

Он мард гуфт:
— Эй барно, солҳои сол ҳамин афғон дорам, касе ба дарди ман намерасад ва агар ту камари ҳиммат бар миёни хеш барбандӣ ва дар шаҳри Чин равӣ, ҳавлии ман дар гузари баззозон аст. Аз кунҷи ҳавлӣ ҳамаи он зарҳоро гирифта ҷаҳор тақсим созӣ ва се тақсими онро ба мискинон ва ба мустаҳиқон бидиҳанд ва як тақсими онро худи ворисон ба қадри расамаи худҳо ҳисса карда бигиранд, ба ҳафт пушти онҳо хоҳад расид. Шояд, ки ба сабаби ин некии ту аз ин уқубатҳо ва меҳнатҳо халосӣ ёбам. Ва ба сабаби саховат ҳамроҳони ман дар айшанд ва ман ба сабаби бахилӣ бо ин азобҳо гирифторам.

Дарҳол Ҳотам савганд ёд карда гуфт, ки:
— Эй бечора, аз пушти Тай бинни Қаҳлон набуда бошам, ки ба доди ту нарасам ва туро аз ин машаққат раҳо накунам!

Ҳангоме субҳ буд, ки ҳамаи он азизон ва он марди пурдард ба қабрҳои худҳо даромаданд. Ҳотам бо онҳо видоъ карда, дар роҳи Чин даромад. Манзилу мароҳил тай карда мерафт ва дар арзи роҳ ба сари чоҳе расид. Дид, ки марде аз он чоҳ об мекашад. Ҳотам хост, ки наздики он рафта аз ӯ об хоҳад. Ногоҳ аз зери он чоҳ аждаҳое баромад ба монандӣ ҳартуми фил.
Ба камари он мард печид ва он мардро дар зери он чоҳ бурд. Ҳотам даст ба даст зада мегуфт:
— Эй нобакор, чӣ коре буд, ки ӯ кард ва он бечораро дар зери чоҳ бурд, — ва бо худ гуфт: «Эй Ҳотам, зану фарзанди ӯ барои об интизорӣ хоҳанд кашид ва ту дар ин ҷо истода тамошо мекунӣ, ин кори ту нишонаи бемурувватист ва ба фарёди ӯ бирас». Ин бигуфту худро даруни он чоҳ андохт. Ғалтону печон дар зери чоҳ мерафт. Ногоҳ пои Ҳотам бар замин расид.
Соате истода чашм бикшод. Дид, ки не чоҳ ҳаст ва не об. Майдони васеъ ва дар он майдон боғу ҷаҳорбоғи олӣ аз ҳар қисм дарахтони сабзу хуррам буда ва дар даруни он боғ иморати олӣ сар ба Сурайё кашида. Ба ҷониби он иморат равона шуд ва дар дил мегуфт: «Ҳамон аждаҳо он мардеро дар куҷо бурда бошад?» ва дар наздики он иморат расида дид, ки нишеманҳои ороста ва дар миёнаи он нишеманҳо тахте гузоштаанд, ки мурассаъ аз ҷавоҳир ва марди болобаланде бар болои

пешина
аз 269
навбатӣ