Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳотам аз ҷои худ бархост ва дар назди он шахс омаду гуфт:
— Эй марди пурдард, ин чӣ сирр аст, ки мегӯӣ: «Он чӣ ба кор омаданӣ буд, накардам онро»? Аз ҳақиқати ин гуфтори дилсӯзи худ маро огоҳ гардон.

Он мард гуфт:
— Эй ҷавон, ман марди савдогаре, сардори ин ҷамоа будам ва номи ман Юсуфи бозаргон аст. Барои тиҷорат ба ҷониби Хоразм мерафтем ва ҳамаи инҳоро ки мебинӣ, хизматгорони ман буданд ва дар кори хайру эҳсон ҳарисӣ доштанд ва бо мардумон муруввату шафқат карда нону ош ва либосу зар медоданд ва ман эшонро аз кори хайр ва аз садақа додан манъ мекардам ва мегуфтам: «Эй бародарон, чаро зару мол зоеъ мекунед?» Онҳо мегуфтанд: «Моён ин зару молро дар роҳи хайр медиҳем, то ки дар вақташ ба кори моён ояд». Ва ман ба ин гуфтори эшон ханда мекардам ва онҳо даст аз саховат барнамедоштанд. Ва маро насиҳат карда мегуфтанд. «Эй махдум, ин ҳама зару ҷавоҳиротро меросхӯрон хоҳанд хӯрд ва ба кори шумо нахоҳанд омад ва шумо ҳам чизе хайру саховат бикунед ва ба фақирому мискинон садақоту эҳсон намоед». Аз ин гуфтори эшон ҳирсу ғазаби ман зиёда мешудӣ ва бо касе донаеро раво надоштам ва ба ниҳоити бахилӣ ва шумӣ будамӣ ва кори нек дар олам ҳеҷ накардамӣ ва дар олам ҳеҷ кас қатраи обу намак аз дасти ман начашидӣ.

Алқисса, ба мулоҳизаи тиҷорат дар ин ҷо расидем. Дуздон воқиф шуда, ба якборагӣ бар сари моён рехтанд ва ҳамаи моёнро кушта молҳоро бадар бурданд. Хостанд, ки лошаҳои моёнро гузошта раванд. Яке аз туркон гуфт: «Эй рафиқон, инҳоро ба ноҳақ кушта молҳо гирифтем, бояд ки мурдаи инҳоро дафн карда равем, то он ки молҳои эшон бар моён вафо кунад. Ҳамаи онҳо хуб гуфтанд. Ҷасади моёнро дар ин замин дафн карда рафтанд ва инҳо ба сабаби хайру саховат ин дараҷа ёфтанд. Кардаи эшон ба корашон омад ва ман аз бахилӣ ва аз шумӣ бо ин балоҳо мубтало шуда, нолаву хорӣ мекунам ва ватани ман дар шаҳри Чин аст. Алҳол авлодони ман аз шумию бахилии ман гадоӣ мекунанд ва дар кунҷи ҳавлии худ зару ҷавоҳири бисёре гӯр карда монда будам. Аз ин кирдори нолоиқи ман ҳеҷ аҳаде воқиф нашуда буд.

Ҳотам гуфт:
— Эй бечора, агар халосии ту дар ҳамин аст, ман

пешина
аз 269
навбатӣ