Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Рӯз гузашта буд. Чун шаб шуд ва посе аз шаб гузашта буд, ки аз ҳамаи он қабрҳо мардони покизарӯ, хуллаҳои¹ биҳиштӣ дар бари худҳо пӯшида баромада, бар болои фаршҳои олӣ гузашта бинишастанд. Баъд аз инҳо аз як қабр марде баромад, гирёну нолон ва тамоми бадани ӯ чиркин, аз ин бузургдон дуртар дар болои хоки мазаллат бинишаст.
Дарҳол дар назди он азизон аз ғайб чандин алвон таом оварда гузоштанд. Ҳамаи он бузургон даст дароз карда, аз он таомҳо тановул намуданд ва ба он шахси гирёну нолон намедоданд. Дар он вақт он марди гумбахт оҳи сард аз дили пурдард баркашиду гуфт:
— Дареғо, накардам он чи, ба кор омаданӣ буд. Ҳотам ҳамаи инҳоро муоина мекард ва шодие дар дил дошт ва мегуфт: «Ҳамон овозе ки ба гӯши ман мерасид, овози ҳамин мард буд».
Алкисса, аз миёни он азизон бузурге гуфт:
— Эй ёрон, имшаб мусофиреро худо дар ин ҷо расонидааст, бояд ки он мусофирро меҳмондорӣ кунед.
Дарҳол яке аз он азизон омада, дасти Ҳотамро бигирифт. Бурда бар болои маснад ва дар қатори азизон бинишонид ва хони олӣ пур аз таоми биҳиштӣ оварда, дар назди Ҳотам гузоштанд. Ҳотам даст дароз карда, аз он таомҳо мехӯрд.
Он мард ҳамчунон оҳи сард аз дили реши хеш мекашид ва нолаву зорӣ мекард.
Ҳотам дид, ки хонеро оварда, дар назди он марди пурдард биниҳоданд ва дар даруни он хон заҳру зукум ва сангреза ва ба ҷои об — риму хун. Даст дароз карда, аз заҳру закум ва сангрезаю риму хун мехӯрд ва меошомид.
Чун бузурггон аз хӯрдани он таомҳо фориғ шуданд, муваккалон² хонҳоро бардошта бурданд.
Ҳотам ин ҳолро дида, дар ҳайрат шуд ва гуфт:
— Эй азизон, ин чӣ сирр аст, ки шумоён бар болои маснадҳо нишаста ва таомҳои хубу лазиз тановул менамоед ва он бечора бар хоки мазаллат нишаста, заҳру закум ва сангрезаву риму хун мехӯрад?
Бузурггон гуфтанд:
— Эй ҷавони накӯхӯй, моён аз ин сирр воқиф нестем, аз худи он бояд пурсид.
¹ Ҳулла — либос,
² Муваккал — дастархончӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё