Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамаи мардумон сурати он балоро дида, дар гурез шуданд. Қадре роҳ рафта, ҳамаи онҳо мурдавор афтоданд ва он бало наздиктар расид. Ҳотам дарҳол он оинаро ба он бало рӯ ба рӯ кард ва он бало сурати худро дар он оина муоина карда, дарҳол дам дарун кашида ва як наъраи босалобат кашид, ки саҳрову биёбон аз зӯри наъраи он бало ҳамчун кӯраи симоб биларзид. Ва бало аз зӯри наъраи худ ду тақсими баробар шуда, овози пурҳайбате аз тарқиши он бало баромад. Боз ҳамаи он мардумон аз садои пурҳайбати ӯ беҳуш шуда афтоданд. Баъд аз дере ба ҳуш омада диданд, ки ахлоти шиками ӯ тамоми дашту биёбонро пур гирифтааст ва худи он бало аз ҷони ширин ҷудо гашта.

Рост ҳамаи эшон давида омада, дар зери қадами Ҳотам афтоданд ва гуфтанд:
— Эй ҷавони некӯкор, мурдани ин бало худ ба худ аз кадом сабаб аст?

Ҳотам гуфт:
— Эй ёрон, ин балоро Ҳалуқа мегӯянд ва бо ҳеҷ чизе ин кушта намешавад ва ба дидани сурати худ ҷон ба моликони дӯзах месупорад.

Ба ин кардаву кирдори Ҳотам ҳамаи онҳо таҳсину офарин карданд. Ҳамаи онҳо назр гӯён зару ҷавоҳире алоқадри ҳол оварда, дар пеши Ҳотам гузоштанд.

Ҳотам гуфт:
— Эй азизон, ин ҳама зару ҷавоҳир даркори ман нест ва ман ин корро барои ризои ҳақ кардаам.

Онҳо гуфтанд:
— Эй бузург, мӯҷиби омадани шумо дар ин ҷо аз ваҷҳи чист?

Ҳотам гуфт:
— Эй бародарон, ҳар шаби ҷумъа овозе ба гӯши ман мерасад, ки «Оҳ, он чӣ ба кор омаданӣ буд, онро накардам». Аз паи ин гуфтори дилсӯз дар ин ҷоҳо омадаам, то соҳиби ин овозро дарёбам ва аз ӯ савол кунам: «Кадом чизеро накардӣ, ки ба кори ту меомад?» Имшаб шаби ҷумъа аст, боз ҳамон овоз ба гӯши ман хоҳад расид ва ман аз паи он хоҳам рафт. Ҳотам дар ин гуфтугӯ буд, ки ҳамон овоз ба гӯшаш расид, аз паи он тамоми шаб роҳ рафт.

Алқисса, аз паи он овоз ду моҳ гашта ба ҷое расид. Дид, ки дарахти азиме сар ба Сурайё кашида. Ба наздики он дарахт қабристоне дид, ки дар он ҷо чанде аз бузургон осудаанд. Ва дар зери он дарахт биншаст.

пешина
аз 269
навбатӣ