Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳотам гуфт:
— Эй ёрон, дар деҳаи шумоён шишарез ҳаст?
Ҳама гуфтанд:
— Оре!
Дарҳол шишагаронро ҳозир карданд. Ҳотам фармуд, ки:
— Эй оинасозон, як оина резед тӯли1 ӯ сад газ ва арзаш2 низ сад газ бошад.
Дарҳол шишагарон чунин оина рехтанд. Ҳотам гуфт:
— Эй ёрон, ин оина сабаби ҳалокии он бало хоҳад шуд ва илло тамоми ин деҳаро хароб менамуд.
Ҳамон замон Ҳотам фармуд:
— Эй ёрон бояд, ки ин шишаро бардошта баред ва дар ҷои он бало гузоред.
Мардумон он оинаро бардошта, дар маррагоҳи он бало бурда гузоштанд.
Ҳотам аз пораи карбос ба он оина ғилоф карда дар маррагоҳи он бало истода шуд ва гуфт:
— Эй бародарон, акнун шумоён рафта, дар хонаи худҳо ба фароғи дил бошед. Ҳар касе ки завқи тамошо дорад, дар ин ҷо бо мо ҳамроҳ бошад.
Раис гуфт:
— Эй писар, бояд, ки бо ин ҷавон дар ин ҷо ҳамроҳ бошӣ. Писари ӯ гуфт:
— Албатта,— ва боз гуфт: — Эй мусулмонон, шумоён аҷаб одамонед, ҷавони мусофирро дар ин ҷо танҳо гузошта, дар хонаи худҳо меравед. Ин кирдори шумоён аз мурувват нест.
Аз ин гуфти писари раис ҳама бозгаштанд ва ба Ҳотам рафоқат карданд. Он рӯз гузашт, шаб бар сари чанг даромад, ба дастури собиқ овозе ба гӯши онҳо расид. Ранги рӯи ҳама аз тарси он бало ба монандӣ заъфарон зард гашт.
Ҳотам гуфт:
— Эй ёрон, матарсед ва қудрати Худоро мушоҳида намоед...
Дар ин гуфтугӯ буданд, ки баъд аз муддате чизе бинамуд ба монандӣ қуллаи кӯҳе, ки на пои ӯ маълум ва на дасти ӯ, кафк аз даҳони худ лахта-лахта меандозад ва аз пешгоҳи даҳони ӯ дуду оташ меборад.
1 Тӯл — дарозӣ.
2 Арз — бар, паҳнӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё