Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
шуда, ҳар шаби ҷумъа як одам гирифта мехӯрад. Акнун навбати шахнаи¹ ин деҳа аст, ки писари ӯро ба ин балои азим медиҳем ва аз барои ӯ нолаву зорӣ мекунем ва дар таъзияи ӯ мотам медорем.
Ҳотам гуфт:
— Шаҳнаи шумоён кадом аст?
Дарҳол раиси худҳоро ба Ҳотам намуданд. Ҳотам дар пеши он раис омаду гуфт:
— Эй бузург, аз ваҳми он бало ҳеҷ ғам махӯр ва сурати он балоро ба ман баён кун, ки ба кадом ҳайат² аст ва ман ҷони худро дар ивази ҷони писари ту ба он бало хоҳам дод.
Раис дид, ки ин ҷавон мусофир аст, аз барои дилхушии ӯ инчунин суханони ширин мегӯяд, гуфт:
— Эй ҷавон, офарин бод бар ҳиммату эътиқоди ту! Маълум мешавад, ки ту аз ин маконҳо нестӣ.
Ҳотам гуфт:
— Эй бузург, ман ҳамин замон омадаам ва оби деҳаи шуморо нахӯрдаам, аммо рафоқати шумо бар ман лозим аст.
Ҳамаи мардумон бар ҳиммату бар муруввати Ҳотам таҳсину офарин карданд.
Раис гуфт:
— Эй ҷавон, дар ин овони ғаму фирок ҳеҷ кадоме аз хешон ва қадрдонон инчунин муруввату марҳамат накарда буд, — ва гуфт: — Эй ҷавон, ин бало аз шумии худи моён аст. Ҳарчӣ бошад, банда ба қазо розӣ ва ба бало собир³ бошад. Акнун чор чист? Илоҷи ин балоро наметавонем кард.
— Эй ёрон, гуфтаи маро қабул намоед ва сурати он балоро кашида, бар ман нишон бидиҳед.
Дарҳол сурати он балоро кашида, ба Ҳотам нишон доданд. Ҳотам дида шинохт ва гуфт:
— Ин балоро Ҳалуқа мегӯянд, рӯинтан⁴ аст. Ба теғ кушта намешавад. Агар шумоён гуфтаи маро қабул намоед, илоҷи он балоро хоҳем кард.
Ҳама гуфтанд:
— Эй ҷавон, аз ин беҳтар чӣ бошад, ба фармудаи ту амал созем.
¹ Шаҳна — миршаб, ин ҷо ба маънии сардор, калон.
² Ҳайат — шакл.
³ Собир — сабркунанда, пурсабр.
⁴ Рӯинтан — оҳанинтан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё